20 Февраль 2018
Изҳороти ҷомеаи омӯзгории гимназияи №4-и шаҳри Хуҷанд дар мавриди фаъолияти экстримистӣ – террористӣ ҲНИТ ва дигар гурӯҳҳои ифротгаро.
Имрӯзҳо ҷомеа, ки пур аз тазод, мушкилот, ихтилофу зиддиятҳо аст, доир ба афзудан ва густариши экстремизм, фундаментализм, терроризм ва дигар зуҳуроту падидаҳои номатлубу хатарафзо зиёд ҳарф мезананд.
Дар замони мо, ҳизбу ҳаракатҳо ва созмонҳое ҳастанд, ки кӯшиш менамоянд, мақсаду маром, ғояву андеша, афкор ва нақшаҳои худро бо ҳар роҳу васила ва ҳатто бо амалҳои тундравона амалӣ созанд.
Таърихи афкору андешаи инсонӣ исбот менамояд, ки илму дониш ҳеҷ вақт душмани дину имон набуда, балки бар зидди хурофот, кӯҳнапарастӣ, бофтаҳои баъзе диндорони бесаводу чаласавод буд. Ягон мутафаккир ё донишманди асили замони гузашта ва муосир низ бар зидди дин набаромадааст, балки хурофот, нодонӣ, ҷаҳолатро зери интиқод қарор додааст. Ҷомеаи омӯзгории мо ҳамфикр ба онанд, ки терроризм ва экстремизм – зуҳуроти номатлуби замони муосир буда, ватан, забон, наҷод ва дин надорад. Ин бадбахтии оламшумуле гардидааст, ки ба муқобили он якчоя мубориза бурда, ба ҳамдигар кӯмак расонда, тадбирҳои худро мувофиқ сохтан зарур аст. Тавассути кӯшиши бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пеши роҳи нобудии миллати моро гирифт, исбот намуд, ки мардуми соҳибназари кишвар ба ҳалли душвортарин мушкилиҳо қодир мебошанд ва моҳияти падидаҳои замонро сари вақт ва ба хубӣ дарк менамоянд.Маҳз пойдории ягонагӣ ва сулҳу ваҳдат аст, ки ҷомеа давра ба давра пеш меравад. Имрӯз кишвари мо аз файзу баракати истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдати миллӣ дар роҳи рушди устувор қарор дошта, сатҳу сифати зиндагӣ, маърифату ҷаҳонбинӣ ва эҳсоси баланди худшиносиву ифтихори миллии ҳамватанони мо торафт таҳкиму густариш меёбад.
Имрӯзҳо намоишҳое, ки аъзоёни ҲНИТ дар кишварҳои Аврупо бо роҳбарони фирории ҲНИТ ба монанди Муҳитдин Кабирӣ баргузор менамоянд, мардуми сулҳҷӯву озодихоҳ, бонангу номус, ватандӯсту хештаншиноси кишварро ором гузошта наметавонад. Дастовардҳо, музаффариятҳое, ки имрӯз Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо ба даст овардааст, бадхоҳони миллатро ором гузошта наметавонад. Бадхоҳони миллат мехоҳанд мамлакатро аз нав ба вартаи ҷанги шаҳрвандӣ кашанд. Аммо онҳо ҳеҷ гоҳ ба ниятҳои нопоки худ расида наметавонанд. Тоҷикистон имрӯз дар мақоми яке аз давлатҳои рӯ ба тараққиниҳода қарор дорад ва фарзандони баору номусаш Ватани хешро аз ҳар гуна қувваҳои бад ҳифз карда метавонад.
Ҷомеаи омӯзгории гимназияи №4-и шаҳри Хуҷанд амалҳои щайриқонунӣ, даъвоҳои роҳбарони фирории ҲНИТ ва ҳаводорони онро беасос ва бе далел ҳисобида, ҷавобан ба сиёсати пеш гирифтаи Ҳукумати кишвар, маорифпарваронаву хирадмандона, сулҳофару инсондӯстона, дар атрофи роҳбари созандаву бунёдкор, Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бештар аҳлу тифоқ, муттаҳид гардида, барои пешравӣ ва гулгулшукуфонии Ватани азизамон – Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми арзандаи хешро мегузорем.
Ҷомеаи омӯзгории гимназияи №4-и шаҳри Хуҷанд бо дарки баланди масъулият, барои ҳифзу равнақи дастовардҳои мардуми шарифи Тоҷикистон ва барои ободии Ватан, дар ниҳоди хонандагон бедор намудани ҳисси ватандӯстӣ, дар самти унсурҳои тарбияи сиёсӣ, ҳуқуқӣ, миллӣ ва хештаншиносӣ тарбия намудан, таҳкими субботи ҷомеа ва ваҳдати миллӣ, имрӯзҳо ба комёбиҳои назаррас ноил гашта истодааст.
Ҷомеаи омӯзгории
гимназияи №4-и шаҳри Хуҷанд