19 Феврал 2018
Бо мақсади сазовор ҷашн гирифтани Наврӯзи байналмилал ва Соли 2018-«Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни боздиди худ аз шаҳри Хуҷанд роҳбарияти шаҳр ва масъулини соҳаро муваззаф намуда буд, ки кӯчаву хиёбонҳои шаҳр гулпӯш ва орову тоза намуда, баҳри ҷалби бештари меҳмонону сайёҳони дохиливу хориҷиро тадбирҳо андешанд.
Рӯзи шанбеи ҳафтаи гузашта, аз тарафи КВДК «Сарраёсати ободонӣ, хоҷагию манзилӣ ва коммуналӣ»-и шаҳр дар хиёбони ба номи Раҳим Ҷалил беш аз 4000 адад гули садбарг кӯчат карда шуд. Ҳамзамон наздик 200 бех ниҳоли ардач дар иншооти мавзеъи «20 солагии Истиқлолият» ва хиёбони «Истиқлолият» шинонида шуданд.
Чунин корҳои ободонию сабзкорӣ ҳамарӯза тибқи нақшаи асосии хуррамгардонӣ, бунёдкорӣ ва навсозии кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Хуҷанд идома дорад.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд