16 Феврал 2018
Комиссияи махсуси байни мақомоти марбута имкони роҳандозии мусофиркашонӣ бо автобусҳо байни минтақаи ҷануб ва шимоли Тоҷикистонро мавриди омӯзиш қарор додааст.
«Дар натиҷаи санҷиш маълум шуд, ки баъзе мушкилот ҷой доранд ва барои мусофиркашонии бехатар тариқи автобусҳои нав онҳоро бартараф кардан лозим аст», - иброз дошт Хизиров, вале мушкилотро саҳеҳан номбар накарда, танҳо қайд кард, ки ин ҷо «масъалаи таъмини бехатарӣ» дар назар аст. Зимнан зикр гардид, ки натиҷаи санҷишҳо санадгузорӣ шуда, ба сохторҳои дахлдор ҷиҳати бартараф намудани мушкилоти ҷойдошта пешниҳод шудааст.
«Хатсайрҳои мунтазам аз Душанбе ба Хуҷанд баъди ҳаллу фасли ин мушкилот роҳандозӣ шуда, бовар дорам, ки хоҳишмадони сафар аз пойтахт ба шаҳри Хуҷанд бо автобусҳои муосир кофӣ хоҳад буд», - илова кард номбурда.
Манбаъ: ОИ «Азия плюс»