(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо шароити нави бинои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон пас аз навсозӣ шинос шуда, дар ҷаласаи Ассамблеяи 17-уми генералии Кумитаи олимпӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Бинои мазкур бо харҷи 1,6 миллион сомонӣ аз ҷониби Ҷамъияти саҳҳомии пӯшидаи «Фароз» дар муддати кӯтоҳ мавриди таъмири асосӣ қарор гирифта, бо таҷҳизот ва лавозимоти зарурӣ пурра таъмин гардидааст.

Дар ин бино баъди навсозӣ имкон фароҳам омад, ки Маркази федератсияҳои миллии варзишӣ ташкил ва 13 федератсияи миллии варзиширо бо шароити сатҳи баланди кору фаъолият муттаҳид  гардонад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар дохили бино бо бардоштани парда аз болои лавҳа Осорхонаи «Шарафи олимпӣ»-ро расман ифтитоҳ намуданд.

Маҳз зери роҳбарии Президенти Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти мақсадноки Кумита ба роҳ монда шуда, дар баробари рушди ҳаракати олимпӣ ва дастгирии варзишгарон Осорхонаи «Шарафи олимпӣ» рӯй кор омад.

Дар осорхона дастовардҳои арзишманди варзишгарони ватанӣ аз замони Иттиҳоди Шӯравӣ, 25 - соли таъсисёбии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ва 26 - соли истиқлолияти давлатӣ, ки дар мусобиқаҳои сатҳи гуногун ба он ноил гардидаанд, ҷой дода шудааст.

Зимни муаррифии Осорхонаи «Шарафи олимпӣ» иттилоъ дода шуд, ки тайи солҳои охир бо дастгирию пуштибонии Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шумораи иштирокчиёни мусобиқаҳои байналмилалӣ рӯ ба афзоиш овардааст. Таъкид шуд, ки агар варзишгарони кишвари мо дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ 133 медал ба даст оварда бошанд,  пас ин нишондод дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат 4 ҳазору 170 медалро ташкил медиҳад.

Аз ҷумла, аз 7 то 27-уми сентябри соли 2017 дар шаҳри Ашхободи Туркманистон 5-умин Бозиҳои Осиё дар иншооти пӯшида ва ҳунарҳои рамзӣ доир шуд. Дар ин чорабинии муҳим варзишгарони Тоҷикистон бо дастгирии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори аввал дар ҳайати калон, яъне иборат аз 170 нафар, аз ҷумла 128 варзишгар ширкат варзиданд.

Дар панҷумин бозиҳои Осиё, ки аз рӯйи 21 намуд сурат гирифт, варзишгарони тоҷик дар 15 навъи он, аз ҷумла баскетбол, вазнбардорӣ, варзиши сабук, велосипедронӣ, гӯштини анъанавии туркманӣ, гӯштини камарбандӣ ва шоҳмот ширкат намуда, сазовори 51 медал, аз ҷумла се тилло, 14 нуқра ва 34 биринҷӣ гардиданд.

Соли 2017-ум барои варзишгарони тоҷик пур аз дастовардҳо буда, дар мусобиқаву чемпионатҳои нақшавии федератсияҳои ҷаҳонӣ иштирок карда, ба муваффақиятҳои зиёд дар ин самт ноил шудаанд.

Аз ҷумла, Дилшод Назаров дар Мусобиқоти варзиши сабуки Осиё бори чорум, Комроншоҳи Устопириён бори дуюм қаҳрамони Осё шуданд ва Бахтовар Ҳасанов дар чемпионати Осиё сазовори медали биринҷӣ шуданд. Мавриди зикр аст, ки аввалин медали бозиҳои олимпиро ба Тоҷикистон Расул Боқиев овардааст. Медали дуюмин, ки нуқра буд, дар Бозиҳои олимпии Пекин-2008 Юнус Абдусаломов дар намуди гӯштини озод ба хазинаи варзишии кишвар ворид намудааст. Дар Бозиҳои олимпии Лондон - 2012 бошад, Мавзуна Чориева дар намуди бокс миёни бонувон дар вазни 60 килограмм сазовори медали биринҷӣ шуд.

Дар соли 2016-ум дар Бозиҳои олимпии Рио-де-Жанейро Дилшод Назаров дар намуди гурзандозӣ аввалин медали тиллоро ба хазинаи варзиши тоҷик ворид сохт.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Кумитаи миллии олимпӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин аз Маркази матбуоти Кумитаи олимпӣ, ки ба хотири қабули меҳмонон ва суҳбат бо намояндагони воситаҳои ахбори омма таъсис дода шудааст, дидан карда, бо сомонаи нави Кумита шинос шуданд.

Сомонаи расмии Кумитаи олимпӣ дар қолаби нав бо ду забон – тоҷикӣ ва англисӣ – мутобиқ ба талаботи замони муосир сохта шуда, дар баробари пахши хабарҳои ҳаррӯзаи соҳаи варзиш, инчунин дар бораи роҳбарияти Кумита, аъзои Кумита ва Кумитаи иҷроия, таърихи Кумита, санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии соҳа, Бозиҳои олимпӣ, Бозиҳои Осиё, қаҳрамонон ва ҷоизадорони чемпионатҳои ҷаҳону Осиё, дастаҳои мунтахаб оид ба намудҳои варзиш маълумот медиҳад.

Хонанда дар сомона суратҳо ва наворҳои видеоиро аз ҷараёни мусобиқаҳои гуногун тамошо карда метавонад.

Баъди шиносоӣ аз шароити фароҳамовардаи корӣ дар бинои нави Кумитаи миллии олимпӣ ва ифтитоҳи Осорхонаи «Шарафи олимпӣ» Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ошёнаи дуюм бо роҳбарони федерастияҳо, варзишгарон - иштирокчиёни бозиҳои олимпӣ ва дорандагони медалҳои мусобиқаҳои гуногуни сатҳи байналмилалӣ мулоқоти озоду ошкоро анҷом доданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати фароҳам овардани шароити сатҳи баланд барои машқу тамрин ва ҷалби ҳар чи бештари ҷавонони лаёқатманду соҳибистеъдод ба намудҳои гуногуни варзиш ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон варзишро қосиди сулҳу дӯстӣ ва ваҳдати инсонҳо арзёбӣ карда, онро беҳтарин василаи муаррифии давлату миллат дар арсаи ҷаҳон номиданд.

Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...