12 Феврал 2018
Дар маъракаи ниҳолшинонӣ маҷмуъан наздик 500 бех ниҳоли навъи ардач беш аз 100 бех ниҳоли санавбар шинонида шуданд. Ҳамзамон дар хиёбони Раҳим Ҷалил беш аз 160 метри мукааб замин барои шинонидани гули садбарг омода карда шуд.
Иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба масъулини дахлдор дастуру супориш дод, ки барои нигоҳубини ояндаи ниҳолҳои шинонидашуда тадбирҳо андешида шавад.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд