10 Феврал 2018
Санаи 10 феврали соли ҷорӣ дар Боғи ботаникии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеъ дар шаҳри Хуҷанд шанбегии умумишаҳрӣ баргузор гардид, ки дар он беш аз 4000 нафар иштирок намуданд.
Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода дар ҷараёни корҳои ободонии Боғи ботаникӣ ширкат варзида, баҳри ҳиссагузории хуррамнамоии ин макон якчанд бех ниҳолҳои ҳамешасабз ва ороиширо шинонид.
Ҷоиз ба зикр аст, ки дар шанбегии умумишаҳрӣ устодон ва донишҷӯёни коллеҷи тиббӣ, коллеҷи омӯзгорӣ, омӯзишгоҳи касбӣ-техникии №31, литсейи касбӣ-политехникии №44, литсейи касбӣ-техникии №56 ва идораву ташкилот ва муассисаҳои шаҳри Хуҷанд фаъолона иштирок намуданд.Ҳашарчиён бо олотҳои меҳнат ҳудуди боғро аз алафҳои бегона ва партовҳо тоза намуда, пояи дарахтонро шудгор ва нарм карданд. Ҳамчунин ба шанбегии умумишаҳрӣ кормандони дастгоҳи Раиси шаҳри Хуҷанд ва устодону муҳассилини макотиби варзишии шаҳр барои ниҳолшинонӣ дар атрофи Боғи ботаникӣ ҷалб карда шуданд.
Бояд қайд намуд, ки масоҳати умумии Боғи ботаникии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеъ дар шаҳри Хуҷанд беш аз 14 гектарро ташкил медиҳад. Мақсади Боғи ботаникӣ парвариш ва гирд овардани набботи минтақа, растаниҳои нодиру ороишӣ, мевадиҳандаю сояафкан, ба иқлим мутобиқгардонии растаниҳои нави фоидаовар, дар шароитҳои сунъӣ нигоҳ доштани растаниҳои камёфт ва намудҳои нобудшаванда, аз ҷумла дигар обектҳои ботаникие, ки хусусияти муҳими илмӣ ва фарҳангӣ доранд, мебошад.
Имрӯз дар ҳудуди Боғи ботаники шаҳри Хуҷанд дарахтони гуногун аз қабили Санавбар 1500 бех, Туя 2000 бех, Сарв 1000 бех, Палма 1000 бех, Каштан 200 бех, Хурмои вергинӣ 500 бех, Булут 200 бех, Арғувон 200 бех ва гулҳои навъи Садбарг 1000 адад, Марҷонгул 4000 бех, Петуния 3000 бех, Лола 2000 бех, Ромашка 500 бех, Календула 200 бех, Гомфрена 300 бех, Гайлярдия 300 бех, Синерария 500 бех парвариш меёбанд. Маҷмуан дар ин боғ беш аз 162 намуди дарахту буттаҳо бо теъдоди умумии 1760 бех мавҷуд мебошанд.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд