09 Феврал 2018
Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як қатор кадрҳоеро, ки дар мақомоти Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои вилоятҳои Хатлону Суғд, вазоратҳои мудофиа, маориф ва илм, Хадамоти гумрук, Кумитаҳои сохтмон ва меъморӣ, ҳифзи муҳити зист ва Агентии авиатсияи гражданӣ ба вазифаҳои масъулу роҳбарикунанда таъин ва пешниҳод гардиданд, ба ҳузур пазируфтанд.
Бо Фармонҳои Президенти мамлакат Раисони шаҳрҳои Исфара, Бӯстон ва ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд, шаҳри Турсунзода, ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонии вилояти Хатлон аз ҳисоби кадрҳои кордону соҳибтаҷриба таьин гардиданд. Бо Фармони Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Бӯстон Раъно Ҳошимзода таъин гардид.Бояд қайд намуд, ки Раъно Ҳошимзода аз 6-уми феврали соли 2017 дар мансаби муовини Раиси шаҳри Хуҷанд фаъолияти пурсамар дошт.
Раъно Ҳошимзода 29 октябри соли 1969 дар шаҳри Хуҷанд ба дунё омадааст. Соли 1991 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро бо ихтисоси иқтисодчӣ хатм кардааст. Номзади илмҳои иқтисодӣ мебошад. Вакили маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд аст.
Солҳои 1991-1992 ба сифати муаллими кафедраи иқтисодӣ, солҳои 1992-1993 муаллими кафедраи фанҳои умумииқтисодӣ, солҳои 1993-1997 муаллими кафедраи молия ва баҳисобгирӣ, солҳои 1997-2000 сармуаллими кафедраи муҳосибот ва омори факултети молия ва иқтисоди бозор, солҳои 2000-2002 муовини декан оид ба корҳои тарбияви факултети молия ва иқтисоди бозор, солҳои 2002-2004 муовини декан оид ба корҳои таълими факултети молия ва иқтисоди бозор, солҳои 2004-2007 муовини декан оид ба корҳои тарбиявии факултети молия ва иқтисоди бозор, солҳои 2007-2012 муовини декан оид шуъбаи ғоибонаи факултети молия ва иқтисоди бозор, солҳои 2012-2014 муовини декан оид корҳои таълими факултети молия ва иқтисоди бозор, солҳои 2014-2015 муовини декан оид ба корҳои тарбияви факултети молия ва иқтисоди бозори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров фаъолият намудааст. Солҳои 2015-2017 ба ҳайси декани факултети молия ва баҳисобгирии бухгалтерии Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷоратии Тоҷикистон кор кардааст. Оиладор соҳиби 4 фарзанд.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд