08 Феврал 2018
Дар толори коллеҷи омӯзгории шаҳри Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров шӯъбаи кор бо занон ва оила дар якҷогӣ бо маҳаллаҳои “Суғдиён”, “Сайҳун”, “Ваҳдат”, дар доири иҷрои Барномаи давлатии “Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2020” вохӯрӣ бо сокинони маҳаллаҳо ва донишҷӯдухтарони муассисаи таълимии мазкур доир гардид.
Иштирокчиён ба суолҳои худ доир ба ҳифзи саломатӣ ва роҳу василаи нигоҳдошти ҳаёти солим посух гирифтаанд.
Бояд қайд намуд, ки шӯъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти шаҳри Хуҷанд тасмим гирифтааст, ки тибқи нақшаи тасдиқгардида чунин мулоқотҳоро бо фарогирии занону духтарони шаҳр моҳе як маротиба ташкил ва гузаронад.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд