(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

Расонаҳои наҳзатӣ беш аз пеш аз интишор гардидани матлаби рӯзноманигори варзида ва мухолифи сарсахти Ҳукумати Тоҷикистон Додҷони Атовуллоҳ хашмгин шуда, нуқтаи назари рӯзноманигорро як навъ хушомаду тамаллуқи навбатӣ унвон кардаанд. Бехабар аз он ки рӯзноманигор ва сиёсатмадори тоҷик, агарчи мухолифи давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон аст, дар лаҳазоти ҳассос масъулияти баҳамойии миллӣ ва тафоҳуми мардумиро дарк карда, чандин маротиба аз тариқи саҳифаи худ матолиби ҷолиби таваҷҷуҳ интишор намуд, ки муҳтавои миллӣ ва мардумӣ доранд. Ахиран расонаи «Востокнюз» таҳти унвони «Д. Атовуллоҳ дар мубориза бо Раҳмон шикастро қабул кард ва дар дили мухолифон оятҳои яъсу ноумедӣ мехонад» (23 декабри соли 2017) матлаби пурсарусадое мунташир сохт ва дар он рӯзноманигорро ба ҷурми «шикаст дар баробари режими Раҳмон» айбдор намуд. Матлаби востокӣ кӯтоҳ аст, вале дар ин кӯтоҳӣ муҳтавои найранги наҳзатӣ ниҳон аст. Ба ин маъно, ки наҳзатиён аз сари мизи музокира нишстани яке аз лидерони бонуфузи мухолифин Додоҷони Атовуллоҳ бо Ҳукумат изҳори нигаронӣ мекунанд ва барои он ки ин нигарониро рафъ созанд, рӯзноманигорро бо гуноҳҳои гуногун айбдор менамоянд, то бохти худро ҷуброн созанд. Барои рӯшанӣ андохтан ба матлаби Д. Атовуллоҳ ба чанд нукта мебояд таваҷҷуҳ кард:

Аввал, Д. Атовуллоҳ ҳоло ҳам дар мақоми мухолиф қарор дорад ва ба ҳукумат хушомаду тамаллуқе накардааст ва ҷиҳати нармиши муносибот роҳи муколимоти созандаро пеш мегирад. ИН амали ҷавонмардона аст дар баробари фаъолияти наҳзатӣ, ки дар хориҷ аз бечоранолӣ кор гирифта, дари созмонҳои байналмилалиро барои дарёфти кумаки молию пулӣ мекӯбад, то ба баҳонаи мухолифат бо хукумат музде дарёфт намояд ва шиками наҳзатиёни фирориро сер кунад.
Дуюм, Атовуллоҳ бо ин амалаш нишон дод, ки рӯзноманигор ва сиёсатмадори миллист ва барояш нангу номуси миллӣ ва шарафи инсонӣ аз сиёсату сиёсатбозиҳои иғвогарона ҳазорон бор бартару болотар аст. Ин корро на ҳама кас карда метавонад. Бо он ки Атовуллоҳ дар хориҷ аз кишвар таҷрибаи зиёди корӣ ва сиёсӣ андӯхтааст, ба ватан баргаштан ва бо ҳукумат сари мизи гуфтушунид истоданро ҳадафи миллӣ ва инсонӣ қарор дода, дар пайи ба ҳам овардани миллат ва мардум, новобаста аз тафаккуру дидгоҳ ва миллияту халқият гом мебардорад. Агар ин кори шарафмандона шикаст бошад, вой бар ҳоли наҳзат ва сардамдорони он, ки як умр шикастхӯрдаанд.

Сеюм, расонаҳои наҳзатӣ, албатта, бо дастури раҳбарияти фирории ҲНИТ ба он мекӯшанд, ки ин кори Атовуллоҳро фоҷиаи миллӣ нишон бидиҳанд ва ӯро миёни мухолифин симои дурӯя ва манфиатхоҳ талаққӣ кунанд. ҲНИТ-ро фаҳмидан мумкин аст, зеро ки бо рафтани Атовуллоҳ аз тими мухолифини наҳзатӣ нуфузи мухолифине, ки аз ҳисоби ҲНИТ ва чанд муҳоҷири раҳгумзада пойин меравад ва ин ниҳоди сиёсии ифротггароро обрӯе дигар намемонад. Ин аст, ки наҳзат тавассути расонаҳо ибтикороти Д. Атовуллоҳро дар робита бо ҳалли мусолиматомези мушкилот ва дар паҳлуи ҳукумат ҷиҳати рушди ватан ва кишвар талош варзидани ӯро заъфу нотавонӣ ва шикаст муаррифӣ месозанд. Бо ин роҳ, ҲНИТ заъфи худро ҷуброн мекунад ва муҳимтар аз ин, нотавониҳояшро пинҳон месозад.
Чорум, бо ҳукумат ва миллат созиш кардан гуноҳ ва шикаст набуда нест. Магар устод Бозор Собир, ки ба ватан баргашт, муртакиби гуноҳе шуд? Ё ин ки бозгашти табиатшинос, файласуф ва фарҳангшиноси маъруфи миллӣ академик Акбари Турсон аз Амрико бо даъвати Президенти мамлакат шикаст аст? Воқеан, барои наҳзат шикаст аст, зеро дигар наметавонад аз номи ин шахсиятҳои калидии адабу фарҳанги миллӣ истифода кунад ва ҳадафҳои нопоки худро амалӣ намояд. Бозгашти устодон Бозор Собир ва Акбари Турсон ва дигар ҳамватанонони мо аз хориҷ бурди миллат ва ватан аст. Аз ин бозгаштҳо трагедия сохтан айб аст(албатта, барои ҲНИТ трагедия аст, зеро аз исми ин шахсиятҳо ба сифати манёври сиёсӣ дигар истифода бурда наметавонад). Баъдан, дар пушти бузургони миллӣ пинҳон шудан ва аз номи онҳо шиор парокандан ҷавонмардӣ нест. Илова бар ин, Атовуллоҳ аз зумраи он шахсиятҳое нест, ки тамаллуқу хушомад занад ва худфурӯшӣ кунад. Навиштаҳои ӯ ҳеҷ гоҳ бар мабнои тарсу ҳарос ва хушомаду тамаллуқ ба тарафе иншо нагардидаанд. Аз ин ҷост, ки паёме, ки рӯзноманигори сиёсӣ Додоҷон Атовуллоҳ ин дафъа ба ҳамватанон додааст, ҷойи ифтихор мебошад. Дарк кардани вазъият, шинохти амиқи мушкилоти ватанӣ ва эҳсоси баланди масъулияти фардӣ рӯзноманигорро ба гирифтани тасмимоти ҷиддӣ водоштаанд. Бо таваҷҷуҳ ба ин, ба хотири манофеи миллӣ ва кишварӣ ба муколима пардохтан камоли инсонист. 
Панҷум, мо медонем, ки неруҳои мухолиф, минҷумла ҲНИТ дар дохил ва хориҷ ҷиҳати бесамар нишон додани пайкори миллатдӯстона ва хирадмандонаи Додоҷони Атовуллоҳ ҷаҳду талоши фаровон меварзанд. Дар матолиби муғризонаи расонаҳои наҳзатӣ ва наздик ба онҳо ҳамеша нуқтаи интиқод сари нафаронест, ки бо Ҳукумат мадоро мекунанд ва баҳри якпорчагӣ, иттиҳод ва ваҳдати миллӣ қадамҳои устувор мебардоранд. Рӯзноманигор Д. Атовуллоҳ ошкоро неруи наҳзатиро ночиз донист ва маҳз ин нукта онҳоро алам кард ва аз пайи ниқори иттилоотӣ шуданд. Тарси наҳзат аз ин аст, ки насли ҷавоне, ки бар асари камогоҳӣ ва адами истиқлоли фикрӣ ба тими онҳо пайвастаанд, таҳти таъсири паёми Атовуллоҳ қарор бигиранд ва ба ватан бозгарданд. Баъ чӣ мешавад? Доду войи наҳзатӣ ба созмонҳои байналмилалӣ самарае намебахшад. Ин аст, ки роҳҳои гуногуни иттилоотӣ ва мафкуравиро ҷустуҷӯ мекунанд, то пеши роҳи паёмҳоеро аз қабили паёми Атоулоҳиро бигиранд ва музахрафоти худро пойдор нигаҳ доранд. Вале ин роҳ, яъне ба давлат ва ҳукумат дасти ба даст ҳаллу фасл намудани мушкилоти ҷойдошта ва ба ҳусни тафоҳум расидан, ба ҳеҷ ваҷҳ, ба наҳзатиён ва ҳаммаслакони онҳо писанд нест. Бинобар ин, ҳар навъ кор, ибтикор, ташаббус ва амалеро, ки мунҷар ба ҳамбастагӣ ва ҳамзистӣ мешавад, мухолифини наҳзатӣ қабул надоранд. Аммо Додоҷони Атовуллоҳ бо ибтикороти ахири худ нишон дод, ки бо неру ва тавони фикрию эҷодӣ ва миллию мардумӣ метавон ба ифоқа расид ва дар доираи муколимоти созанда мушкилоти ҷойдоштаро ҳаллу фасл намуд.

Фаридун Ориёӣ

Председатель города

Заместители Председателя

Джамшед Набизода Джамшед Набизода Джамшед Набизода. Родился 9 мая 1981 года в городе Худжанде. По национальности таджик. В 2003 году окончил Таджикский университет права, биз...
Хомидзода А.А. Хомидзода А.А. Руководитель аппарата председателя города Хомидзода Абдувахоб Абдумаджид родился 8 июня 1978 года в городе Худжанде. По национальности...
Сангинова М. А. Сангинова М. А. Сангинова Муяссар Абдукахоровна родилась 15 октября 1979 года в городе Худжанде. По национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 200...
Бахтиёр Бокизода Бахтиёр Бокизода Заместитель председателя городаБахтиёр Боқизода родился 28 июля 1983 года в городе Худжанде, имеет четыре высших образования: юридическ...
Гайбуллозода Х. Гайбуллозода Х. Первый заместитель председателя города ХуджандГайбуллозода Хайрулло назначен на данную должность по постановлению Председателя  города ...

Руководители структур

Джураева К. Я. Джураева К. Я. Джураева Кибриё Яхяевна. Родилась 9 сентября 1966 года в Б.Гафуровском районе, по национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 1997 ...
Миробидова М. М. Миробидова М. М. Миробидова Муаттар Мирмухамедовна. Родилась 24 июня 1966 года в городе Худжанде, таджичка, образование высшее. В 1990 году окончила Таджикск...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим родился 1 августа 1968 года в городе Худжанде, по национальности таджик, имеет высшее образование. В 1994 году окончил ...
Бободжонзаде А. Бободжонзаде А. Бободжонзаде Абдусалом родился 27 декабря 1966 года в районе Б.Гафуров. По национальности таджик, имеет высшее образование, в 1992 году...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Недоступен ни однин перевод.Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов родился 23 октября 1986 года в городе Худжанде в семье служащего. В 1994 году пошел в среднюю школу №18 города Худжанда, ...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Недоступен ни однин перевод.Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, ма...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Недоступен ни однин перевод.Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Недоступен ни однин перевод.Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ...
Каримов А. А. Каримов А. А. Недоступен ни однин перевод.Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумота...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Недоступен ни однин перевод.Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Недоступен ни однин перевод.Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии ти...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Недоступен ни однин перевод.Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ меб...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Недоступен ни однин перевод.Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ т...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Недоступен ни однин перевод.Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ...