19 Декабр 2017
Имрӯз дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ биноҳои иловагии синфхонаи ҳунаромӯзӣ, ошхона бо 180 ҷойи нишаст, толори маҷлис бо 400 ҷой ва толори муосири варзишӣ бо 150 ҷой нишастро дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 44 мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Иттилоъ дода шуд, ки маблағи умумии корҳои сохтмону муҷаҳҳазгардонӣ беш аз 8 миллион сомониро ташкил медиҳад.
Зимни шиносоӣ аз шароити мактаби мазкур Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, онро дар арафаи фарорасии Соли нав тӯҳфаи арзанда ба омӯзгорон ва хонандагони ин муассисаи таълимӣ арзёбӣ намуданд.
Омӯзгорону хонандагони мактаб ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати мамлакат бобати фароҳам овардани чунин шароити муосиру замонавии таълим изҳори сипосу миннатдорӣ карданд.
Ҳангоми суҳбати озоду ошкоро Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз омӯзгорон даъват ба амал оварданд, ки бо истифода аз шароиту имкониятҳои мусоиде, ки давлату Ҳукумат ба онҳо фароҳам овардааст, сатҳи таълиму тарбияи насли наврасро боз ҳам беҳтар намоянд.
Тавре маълум гардид, қаблан хонандагони ин даргоҳи илму маърифат ба толори варзишӣ ва ошхонаву маҷлисгоҳ ниёз доштанд. Акнун бо шарофати дастгирии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои хонандагони пойтахт шароити муосири таълиму ҳунаромӯзӣ ва тарбияи бадан муҳайё гардид.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо рафти сохтмони иншоотҳои муассисаҳои таълимӣ дар шаҳри Душанбе шинос шуданд.
Хабар дода шуд, ки айни ҳол дар шаҳри Душанбе 15 мактаби таҳсилоти умумӣ бунёд шуда истодааст ва ҳамаи онҳо дар соли 2018 ба истифода дода мешаванд. Бо мақсади таъмини хонандагони мактабҳои пойтахт бо синфхонаҳои муосири фаннӣ, синфхонаҳои ҳунаромӯзӣ, ошхона, майдону толорҳои варзишӣ бо дастгирии бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сохтмони муассисаҳои нави таълимӣ ва синфхонаҳои иловагӣ ба роҳ монда шудааст. Мавриди зикр аст, ки дар маҷмӯъ то соли 2019 бештар аз 21 ҳазор ҷойҳои нишасти иловагӣ барои муассисаҳои таълимии пойтахт муҳайё карда мешавад.
Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд