(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Тоҳир Рӯзибоев: «Ғолибият дар олимпиадаи байналмилалӣ рейтинги Тоҷикистонро дар сатҳи ҷаҳонӣ боло мебарад

Дар заминаи супориши Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ мулоқоти нахустини толибилмону омӯзгорони литсейи хонандагони болаёқати шаҳри Хуҷанд ҷиҳати мубодилаи таҷриба аз роҳу усулҳои таълим ва иштирок дар озмунҳои байналмилалӣ  бо муҳассилини пешқадами макотиби миёнаи шаҳр дар Мактаби Президентии шаҳри Хуҷанд баргузор гардид.
Раъно Ҳошимзода, муовини Раиси шаҳри Хуҷанд вохӯриро ифтитоҳ намуда, аз ҷумла қайд кард, ки ҳадаф аз ташкили ин мулоқот баҳрабардорӣ аз таҷрибаи литсейи хонандагони болаёқати шаҳри Хуҷанд дар озмунҳои байналмилалӣ буда, ба ин васила бештар намудани шумораи ғолибони олимпиадаҳои байналхалқӣ аз шаҳри Хуҷанд  мебошад.
Тоҳир Рӯзибоев, сарвари литсейи хонандагони болаёқати шаҳри Хуҷанд баромад намуда, аз таъкид дошт, ки омода намудани хонандагон ба олимпиадаҳои байналмилалӣ маъракаъи бисёр муҳим ва дар як вақт душвор аст. Тоҳир Рӯзибоев: «Ғолибият дар олимпиадаи байналмилалӣ рейтинги Тоҷикистонро дар сатҳи ҷаҳонӣ боло мебарад

Ва ҳамзамон мояи ифтихор аст. Он аз чанд марҳилаҳо иборат буда, талаботи хоси худро дорост. Яке аз он талабот пеш аз ҳама дар муассисаҳои таълимие, ки хоҳиши иштирок дар озмунҳои байналхалқӣ доранд, бояд ҳатман Марказҳои олимпӣ таъсис дода шуда, ба он беҳтарин хонандагонро ҷалб намуд. Дар ин марказҳо омӯзгорони дорои донишу саводи баланд ва бигузор аз дигар муасисаҳо таълимӣ дарс ва машғулият гузаронанд. Барномаи омоданамоии хонандагон Марказҳои олимпӣ мувофиқ ба барномаҳои Олмпиадаҳои байналхалқӣ бошад. Масалан, забони англисиро дар сатҳи фанни интихобшуда аз бар намоянд.
Тоҳир Рӯзибоев: «Ғолибият дар олимпиадаи байналмилалӣ рейтинги Тоҷикистонро дар сатҳи ҷаҳонӣ боло мебарадТоҳир Рӯзибоев афзуд, ки маъмурияти муассисаҳои таълимӣ тамомои имконот ва шароитро ба Марказҳо ва синфҳои олимпӣ муайян созанд. Омӯзгороне, ки машғулият мегузаронанд набояд ягон камбидиеро ҳис кунанд. Лавозимоти таълимӣ, озмоишгоҳ, адабиёти таълимӣ тибқи талабот муҳайё карда бошад. Дар давраи омодагӣ ба Олимпиадаи байналхалқӣ мусобиқаи фаннӣ тибқи талабот ба роҳ монда шавад. Дар таътилҳои зимистона ва тобистона вақти хонандагон низ мувофиқи мақсад истифода шавад.
Исматулло Саидзода, омӯзгори литсейи хонандагони болаёқати шаҳри Хуҷанд назди ҳозирин доир ба навъ ва талаботи Олимпиадаҳои байналмилаӣ иттилоъ дода, аз ҷумла гуфт, ки олимпиадаҳои байналхалқӣ якчанд намуд дорад, аз ҷумла минтақавӣ, фосилавӣ, фаннӣ, лоиҳавӣ ва он  асосан дар кишварҳои Амрико, Малайзия, Руминия, Қазоқистон, Тайван, Фаронса ва ғайраҳо гузаронида мешавад. Хонандагони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин олимпиадаҳо ҳамагӣ 10 сол инҷониб иштирок намуда истодаанд. Сол аз сол талабот ва сатҳи гузаронидани он ҷиддӣ ва баланд мегардад.
Мавсуф ҳамзамон доир ба макон ва вақти гузаронидани олимпиадаҳои байналхалқӣ маълумоти муфассал пешниҳод намуда, суроғаи электронии масъулини баргзории Олимпиадаҳоро пешниҳод намуд.
Исматулло Саидзода ҳамзамон иттилоъ дод, ки масъулияти баргузории як олимпиадаи фосилавии байналхалқиро  литсейи хонандагони болаёқати шаҳри Хуҷанд ба даст овардааст, ки ин низ муваффақият аст.
Тоҳир Рӯзибоев: «Ғолибият дар олимпиадаи байналмилалӣ рейтинги Тоҷикистонро дар сатҳи ҷаҳонӣ боло мебарадНомбурда зикр кард, ки дар соли хониши 20126-2017 дастпарварони литсейи хонандагони болаёқати шаҳри Хуҷанд дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ, байналхалқӣ, минтақавӣ, фосилавӣ ва варзишӣ 65 медалро ба даст оварданд.
Сипас, ғолибони олимпиадаҳои байналхалқӣ Шаҳром Инъомҷонов, Хайрулло Абдуллоев хонандагони литсейи хонандагони болаёқати шаҳри Хуҷанд ва Муҳаммадҷон Ҳакимов, муҳассили литсейи физикӣ-математикии №1 ба номи Муҳаммад Осимӣ аз раванди омодашавӣ, иштирок ва таасуроти худ дар олимпадаҳои байналхалқӣ маълумот доданд.
Муҳаммадҷон Ҳакимов, аз ҷумла гуфт, ки баъди ғолибият дар Олимпиадаи байналмиллаии Донишгоҳи миллии шаҳри Самара ба истироҳатгоҳи байналхалқии «Артек» роҳхат гирифт ва зимни истироҳат дар он ҷо ба ҳайси Президенти гурӯҳ интихоб ва соҳибтамаддун ва бостонӣ будани миллати тоҷикро бори дигар байни давлатҳо муаррифӣ карда, аз иҷрои вазифаи дар ӯҳдааш гузошташуда бо сарбаландӣ баромад.
Осим Каримзода, сардори Раёсати маорифи вилояти Суғд зимни баромади хеш таъкид дошт, ки ғамхориҳои Роҳбарияти Давлату Ҳукумат, Мақомоти иҷрияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар соҳаи маориф беназир буда, дар навбати худ ҷавобан ба ин ғамхориҳо хонандагон низ  бо дастовардҳои назаррас дар озмуну олимпиадаҳои байналхалқӣ комёб ва ҷойҳои номёнро ба даст оранд. Дастовардҳои соҳаи маорифи вилоят дар ҷумҳурӣ мақоми аввалро касб намудааст, шаҳри Хуҷанд ҳамчун маркази маъмурии вилояти Суғд, чун шаҳри пешрафта, бостонӣ, шаҳри олимон бояд пешсафиро аз даст надиҳад. Саҳми дигар муассисаҳои таълимии шаҳр дар самти ғолибият ба озмун бояд назаррас бошад, фаъолияташонро ҷоннок бояд кард. Роҳу василаҳои аз худнамудани донишҳои муосирро бо истифода аз таҷрибаҳои андӯхтаи литсейи хонандагони болаёқати шаҳри Хуҷанд ва литсейи физикӣ-математикии №1 ба номи Муҳаммад Осимӣ мавриди омӯзиш ва баҳрабардорӣ қарор дод. Дар ин самт пойгоҳи моддиву техники мактабҳо ҷавобгӯ аст ва бояд омӯзгорон аз сидқи дил кор кунанд.
Сардори идораи маорифи вилояти Суғд Осим Каримзода гуфт,  ки минбаъд маҳз аз нигоҳи дастовардҳои хонандагон дар лимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналхалқӣ ба фаъолияти омӯзгорон ва роҳбарияти муассисаи таълимӣ баҳо дода мешавад.
Сипас Матлуба Муинова, сарвари муассисаи таълимии «Гулчини маърифат», Дилором Атобоева сарвари муассисаи таълимии ҳамагонии №13-и шаҳри Хуҷанд фикру андеша ва муаммову мушкилоти ҷойдоштаи самти фаъолиятро баён доштанд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...