(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Абдураҳмон Қодирӣ: «Танҳо аз як литсейи хонандагони болаёқати шаҳри Хуҷанд 16 нафар соҳиби медали байналмилалӣ гардиданд…»

Дирӯз дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд машварати кории Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ бо намояндагони соҳаи маориф доир гардид ва дар он масъалаҳои ҷории соҳа мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Дар машварат роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, муовинони соҳавии раисони шаҳру навоҳӣ, мудирони шуъбаҳои маориф, роҳбарони мактабҳои олӣ ва муассисаҳои таълимии намунавӣ иштирок намуданд.
Тибқи иттилои Раёсати маориф айни замон дар вилоят 923 муассисаи таълимӣ амал карда, дар онҳо беш аз 500 ҳазор нафар ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд. Маорифчиёни вилоят соли равон дар озмунҳои ҷумҳуриявии “Омӯзгори сол” ва “Мураббияи сол” сазовори ҷойҳои аввал гардида, ҳамзамон 59 нафар дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ ҷойҳои ифтихорӣ, аз ҷумла 16 медали тилло ба даст овардаанд. Тули се соли охир аз рӯи шумораи дохилшавии хонандагон ба мактабҳои олӣ вилояти Суғд дар миқёси ҷумҳурӣ нишондоди баланд дорад. Масалан, соли ҷорӣ аз 34 ҳазор хатмкунандагони мактабҳои вилоят беш аз 15 ҳазор, ё худ 45 дарсад тавассути Маркази миллии тестӣ донишҷӯ шудаанд. Муаммои ҳанӯз ҷойдоштаи соҳа бошад, ин ташкили омӯзишгоҳҳои фаннӣ мебошад, ки дар мактабҳои шаҳру навоҳӣ эҳтиёҷ ба он ҳис карда мешавад.
Зимни таҳлили вазъи саводнокии толибилмон, Раиси вилоят дар қатори дастовардҳо аз камбудиҳо низ ёдовар шуд. Тибқи маълумот, дар миёни талабаҳои синфҳои 8-11- и вилоят 40 ҳазор хонандагони болаёкат ба қайд гирифта шудаанд, аммо нишондоди иштироки мактабиён дар олимпиадаҳо аз муассисаҳои миёнаи умумӣ ҳанӯз хеле нокифоя аст. Дар ҳоле, ки танҳо аз як литсейи хонандагони болаёқати шаҳри Хуҷанд 16 нафар соҳиби медал дар олимпиадаҳои байналмилалӣ гардидаанд. Яке аз омилҳои таъсиркунанда ба ин раванд, ин омӯзиши забонҳои хориҷӣ мебошад, ки бояд аз ҷониби омӯзгорон ба таври зарурӣ роҳандозӣ шавад.
-Имрӯз, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба марҳилаи нави таълим ворид шудааст, ҳар омӯзгор ва мутасаддии мактаб бояд ба сатҳи дониши хонандааш ҷавобгар бошад, - таъкид намуд Абдураҳмон Қодирӣ. Дар ин замина, зиёд намудани сафи хонандагони болаёқат талаби замон аст, ки мутаассифона ин нишондод дар баъзе шаҳру навоҳӣ кам аст ва ин ҳолат метавонад ба раванди дохилшавӣ ба мактабҳои олӣ таъсири манфӣ расонад. Масалан фоизи дохилшавӣ дар мавсими имсола агар мувофиқи шаҳри Хуҷанд 60, Зафарбод ва Ҷаббор Расулов 45 дарсадиро ташкил диҳад, пас ин нишондод дар шаҳри Исфара ҳамагӣ 30 ва дар Истаравшану Деваштич 32 дарсадиро фаро мегирад.
Бояд гуфт, ки маблағгузорӣ ба соҳаи маориф ба хотири пешрафти соҳа сол то сол зиёд шуда, имсол то ба 700 миллион сомонӣ расонида шудааст, ки аз таваҷҷуҳи роҳбарияти вилоят ба соҳаи маориф дарак медиҳад. Дастгирии дигар, ин ба таври ройгон ба истироҳату табобат фаро гирифтани 200 омӯзгори беҳтарин дар осоишгоҳҳо ва ҳавасмандкунии молии ғолибони олимпиадаҳои хориҷаи дур ва ИДМ ба ҳисоб меравад, ки маблағаш аз 6 ҳазор то 55 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Ҷавобан ба ин, маорифчиён бояд бо истифода аз имкониятҳои мусоид дар баланд бардоштани сатҳи саводи хонандагон ҳиссагузор бошанд.
Дар машварат фаъолияти мактабҳои олӣ низ мавриди назар қарор гирифт. Тибқи иттилоъ, панҷ донишгоҳи асосии вилоят нисбат ба нақша қабули донишҷӯёнро кам кардаанд. Дастур дода шуд, ки вазъи саводнокии донишҷӯён дар мактабҳои олӣ низ таҳлил карда шуда, ба сифати таълим аҳмияти аввалиндараҷа зоҳир гардад. Моҳи равон тибқи нақша, се навъи вохӯриҳо бо хонандагону донишҷӯён ташкил карда мешаванд. Аз ҷумла, толибилмону омӯзгорони литсейи хонандагони болаёқати шаҳри Хуҷанд бо мактабиёни шаҳру навоҳӣ ҷиҳати мубодилаи таҷриба вохӯриҳо гузаронида, аз роҳу усулҳои таълим ва иштирок дар озмунҳои байналмилалӣ ҳамсолони хешро огоҳ хоҳанд сохт. Ҳамчунин роҳбарони мактабҳои олии вилоят низ дар ин давра дар шаҳру навоҳӣ бо хатмкунандагон мулоқот ороста, шарту шароити муассисаҳои хешро ҷиҳати илмомӯзӣ тарғиб мекунанд. Дар идомаи ин тадбир раисони шаҳру навоҳӣ ҳам дар маркази вилоят бо донишҷӯёни минтақаи худ мулоқот доир намуда, аз вазъи таҳсилу зиндагии онҳо бохабар ва ба доираи толибилмони камбизоат кӯмак хоҳанд расонид.
Раиси вилоят дар поёни машварат ҳамчунин доир ба масъалаҳои дигар, аз ҷумла, ташкили чорабиниҳои солинавӣ дар асоси талаботи меъёрҳои қонунгузорӣ, назорати тартибу интизоми ба дарс омадани донишҷӯён бидуни мошини шахсӣ, масъалаи гармидиҳӣ дар мактабу хобгоҳҳо, ташкили маҳфилҳои хушдилон ва ҳозирҷавобон дар байни донишгоҳҳо, вусъати ҳамкориҳои дуҷониба бо муассисаҳои олии хориҷӣ, фаъолияти муназзами китобхонаҳо дар мавсими таътили зимистона, таваҷҷуҳи бештар зоҳир намудан ба ҳунаромузии толибилмон дар мактабҳо ва ташкили чорабиниҳои фарҳангӣ, аз қабили кастингу озмунҳо барои дарёфти истеъдодҳои нав назди мутасаддиёни соҳа вазифаҳои мушаххас гузошт.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд


Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...