24 Ноябр 2017
Дар маросими ифтитоҳи чорабинии варзишӣ муовини раиси шаҳри Хуҷанд Аюб Раҳматзода, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр Бахтиёр Исматҷонов, намояндагони Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят иштирок намуда ҳозиринро бо Рӯзи парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз номи Раиси шаҳри Хуҷанд табрик намуданд.
Масофаи муайяншудаи мусобиқа 5.3 км –ро ташкил дода аз назди муҷассамаи Истиқлол то маҳалла 3-юми шаҳр муайян гардида буд. Чорабинии варзишии дави миллӣ бо иштироки наздик 10 000 нафар ва марафони велосипедронӣ бо ҳузури 200 нафар ҷавонон баргузор гардид.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд