21 Ноябр 2017
Тибқи нақша чорабиниҳо қарор аст, ки то баргузории Рӯзи Парчами миллӣ дар донишгоҳҳои мустақари шаҳри Хуҷанд конфронсҳои илмӣ-назариявӣ таҳти унвони «Парчами давлатӣ-рамзи ифтихори миллӣ», мулоқоту вохӯриҳо бо ҳомиёни сохти конститутсионӣ дар қисмҳои ҳарбӣ, гузаронидани Рӯзи ягонаи ахбори сиёсӣ дар мавзуъи «Эҳтироми рамзҳои давлатӣ-эҳтироми миллат аст» дар кумитаи маҳаллаҳо, ташкилоту идораҳо ва муассисаҳои маорифу тандурустии шаҳр, нашру пахши мақолаву барномаҳо доир ба арҷгузорӣ ба Парчами миллӣ, ташкил ва баргузории озмуни «Иншои беҳтарин» дар мавзуъи «Парчам-рамзи давлатдории миллист» ва ғайраҳо пешбинӣ шудааст. Ҳамчунин ташкил ва баргузории мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ ва аксияҳои тарғиботиву ташвиқотӣ дар Рӯзи Парчами миллӣ ба назар гирифта шудааст.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд