15 Ноябр 2017
14 ноябри соли равон Раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Маликисломӣ Наим Мунаввар ба хонаи иштирокчии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҳамид Ҷӯраев ташриф оварда, номбурдаро аз номи роҳбарияти олии ҲХДТ бо ин ҷашни бузургу тақдирсози миллат табрик намуд ва ба ӯ тӯҳфаи хотиравии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷандро тақдим кард. Абдуҳамид Ҷӯраев аз ҳолатҳои баргузории Иҷлосияи тақдирсоз ёдварӣ кард ва барои ғамхорӣ ба Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҷиҳати дар мадди назар қарор гирифтанаш изҳори миннатдорӣ намуд.
Ёдовар мешавем, ки Абдуҳамид Ҷураев ҳамчун журналисти варзида имрӯз низ фаъолияти худро идома дода истодааст.