02 Ноябр 2017
Дар озмун аз 30 муассисаҳои томактабии шаҳр ғолибони даври аввал иштирок карда, аз ашъори суханвари бузурги халқи тоҷик – Камоли Хуҷандӣ ва Шоири халқии Тоҷикистон Фарзона шеърҳо қироат карданд. Ҳайати ҳакамон ба маҳорати наттоқии кӯдакон баҳои баланд дода, беҳтаринҳоро муайян намуданд.
Шоҳҷоизаи озмун ба Мунзифа Ҳошимова аз кӯдакистон-ширхоргоҳи №20 мушарраф гашт. Ғолиби озмуни «Ровиёни беҳтарин» тарбиятгирандаи кӯдакистон-ширхоргоҳи №9 Мадина Худойбердиева гардид. Аниса Юлдошева (МТТ№4), Муҳаммадсаиди Зоҳирҷонзода (МТТ№18), Хуршеда Ахмедова (МТТ№27) мақоми дуюмро соҳиб гардиданд. Ҷойи саввум насиби Моҳирахон Ҳомидова (МТТ№24), Комрон Ниёзов (МТТ№40), Даврон Ашӯров (кӯдакистони хусусии «Дилоро») гашт.
Ғолибони озмун бо диплому ифтихорнома ва ҳамаи иштирокчиён бо туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонда шуданд.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд