30 Октябр 2017
Бо иштироки Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ва Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода дар шаҳри Хуҷанд Маркази ташхисӣ - табобатии “Афзал” мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Бояд зикр намуд, ки Маркази ташхисӣ - табобатии “Афзал” аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Шуҳрат Холматов бо харҷи 2,5 миллион сомонӣ бунёд гардида, он дорои 20 кат, ошхонаву ҳаммом ва дигар шароити зарурӣ мебошад. Дар ин марказ 20 нафар мутахассисони соҳаи тиб ба кор ҷалб шудаанд, ки бархе аз онҳо дар Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Корея таҷриба андӯхтаанд.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд