30 Октябрь 2017
Недоступен ни однин перевод.
Бо иштироки Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ва Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода дар шаҳри Хуҷанд Маркази ташхисӣ - табобатии “Афзал” мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Бояд зикр намуд, ки Маркази ташхисӣ - табобатии “Афзал” аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Шуҳрат Холматов бо харҷи 2,5 миллион сомонӣ бунёд гардида, он дорои 20 кат, ошхонаву ҳаммом ва дигар шароити зарурӣ мебошад. Дар ин марказ 20 нафар мутахассисони соҳаи тиб ба кор ҷалб шудаанд, ки бархе аз онҳо дар Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Корея таҷриба андӯхтаанд.
Раиси вилоят зимни боздид ба масъулин дастур дод, ки бояд ташхис, ҷарроҳӣ ва табобати беморон аз ҷониби кормандони ин марказ дар сатҳи баланд ба роҳ монда шавад. Абдураҳмон Қодирӣ ҳамзамон ба масъулини марказ тавсия дод, ки бо мақсади дастгирии қишри ниёзманди ҷомеа ҳар моҳ табобати 2 нафар беморон аз оилаҳои камбизоатро ба тариқи ройгон ба роҳ монанд.Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд