(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

Иштирок дар Ҷаласаи 16 - уми Конференсияи вазирони Барномаи ҳамкории иқтисодии минтақавии Осиёи Марказӣ27 октябри соли 2017 дар толори бошукуҳи Зарандуди Кохи Наврӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷаласаи 16 - уми Конференсияи вазирони Барномаи ҳамкории иқтисодии минтақавии Осиёи Марказӣ иштирок ва суханронӣ карданд.

Дар кори ҷаласаи 16 - уми Конференсияи вазирони Барномаи ҳамкории иқтисодии минтақавии Осиёи Марказӣ роҳбарони ташкилоту созмонҳои шарики рушд, институтҳои бонуфузи молиявӣ, аз ҷумла Бонки Осиёии Рушд, Бонки таҷдид ва рушди Аврупо, Хазинаи Байналмилалии Асъор, Бонки Исломии Рушд, Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид, Бонки умумиҷаҳонӣ, Бонки Осиёии сармоягузории инфрасохтор, Комиссияи Аврупо, Бонки Авруосиёгии рушд, Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ оид ба Осиё ва Уқёнуси Ором, Созмони Умумиҷаҳонии Савдо, Агентии Япония оид ба ҳамкории байналмилалии (Ҷайка), Донишгоҳи Осиёи Марказӣ ва коршиносон аз ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Озарбойҷон, Афғонистон, Гурҷистон, Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Муғулистон, Покистон, Туркманистон, Ӯзбекистон, Амрико, Япония, Британияи Кабир, иштирок карданд.

Зимни суханронии муқаддимавии хеш Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи иштирокчиёнро ба сарзамини меҳмоннавозу биҳиштосои Тоҷикистон хайрамақдам гуфтанд. Сарвари давлат ба коршиносон фаъолияти пурсамар орзу намуда, ба роҳбарони ҳамаи давлатҳо, ташкилоту созмонҳо ва шахсоне, ки барои татбиқи Барномаи ҳамкории иқтисодии минтақавии Осиёи Марказӣ саҳм мегузоранд, изҳори сипосу миннатдорӣ карданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши Барномаи ҳамкории минтақавии иқтисодии Осиёи Марказиро бо дарназардошти афзалиятҳои минтақа барои ташаккули низоми шарикии байни кишварҳо ва рушди стратегияи иқтисодии он муҳим арзёбӣ карданд.

Ба андешаи Эмомалӣ Раҳмон дар шароити ҷаҳонишавӣ барои минтақа таъмин намудани рақобатпазирии иқтисоди миллӣ ва ташаккули бозорҳои умумии минтақавӣ аҳаммияти калидӣ дорад. Бинобар ин дар доираи Барнома тақвият бахшидани ҳамкории иқтисодӣ дар замони муосирро муҳим арзёбӣ карданд.

Бо дарназардошти вазъи имрӯзаи ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ба хотири рушду густариши ҳамкории пурсамар Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон якчанд пешниҳоди асоснок ба миён гузоштанд, ки на танҳо ба манфиати Тоҷикистон, балки барои минтақа ва кишварҳои иштирокчии Барномаи ҳамкории иқтисодии минтақавии Осиёи Марказӣ муҳиму саривақтӣ мебошанд.

Дар охир Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар омодагии ҳамешагии ҷониби Тоҷикистонро барои таҳкими ҳамкории судманд бо ҳамаи кишварҳо ва шарикони рушди ширкаткунандаи Барнома таъкид карданд. Президенти мамлакат бо итминон иброз доштанд, ки ҳамгироиву ҳамкории васеъ ба таъмини рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва дар ин замина ба пешрафти минбаъдаи кишварҳо ҳамаҷониба мусоидат хоҳад кард.

Баъди суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти Бонки Осиёии Рушд Такехико Накао баромад карда, ба Президент ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри дар сатҳи баланди ташкилӣ барпо кардани ин ҳамоиш ва ҳамгироию ҳамкории судманд изҳори сипос намуданд.

Такехико Накао такъид дошт, ки ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд аз соли 1998 оғоз гардида, имрӯз дар сатҳи хуби шарикии стратегӣ қарор дорад ва бахшҳои афзалиятнок, аз ҷумла соҳаҳои маориф, тандурустӣ, энергетика, нақлиёт, гумрук, обёрӣ, сармоягузории бахши хусусӣ ва дигар самтҳои ояндадорро дар бар мегирад.

Ҳамчунин зимни суханронӣ Президенти Бонки Осиёии Рушд бо итминон иброз дошт, ки таҳкими робитаи судманди Ҷумҳурии Тоҷчикистон бо Бонк дар сатҳи ҳамкории минтақавӣ ба ноил шудан ба ҳадафҳои стратегӣ мусоидат менамояд.

Дар маҷмуъ Ҷаласаи 16-уми Конференсияи вазирони Барномаи ҳамкории иқтисодии минтақавии Осиёи Марказӣ боз як майдони фарохи таҳкими ҳамкорӣ барои рушду густариши муносибатҳои кишварҳои иштирокчӣ ва расидан ба ҳадафҳои судманд бар нафъи давлатҳои минтақа мебошад.

Дар охири кори ҷаласа маросими хотиравии аксбардории роҳбарони ҳайатҳо бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор шуд.

Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд

Председатель города

Заместители Председателя

Джамшед Набизода Джамшед Набизода Джамшед Набизода. Родился 9 мая 1981 года в городе Худжанде. По национальности таджик. В 2003 году окончил Таджикский университет права, биз...
Хомидзода А.А. Хомидзода А.А. Руководитель аппарата председателя города Хомидзода Абдувахоб Абдумаджид родился 8 июня 1978 года в городе Худжанде. По национальности...
Сангинова М. А. Сангинова М. А. Сангинова Муяссар Абдукахоровна родилась 15 октября 1979 года в городе Худжанде. По национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 200...
Бахтиёр Бокизода Бахтиёр Бокизода Заместитель председателя городаБахтиёр Боқизода родился 28 июля 1983 года в городе Худжанде, имеет четыре высших образования: юридическ...
Гайбуллозода Х. Гайбуллозода Х. Первый заместитель председателя города ХуджандГайбуллозода Хайрулло назначен на данную должность по постановлению Председателя  города ...

Руководители структур

Джураева К. Я. Джураева К. Я. Джураева Кибриё Яхяевна. Родилась 9 сентября 1966 года в Б.Гафуровском районе, по национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 1997 ...
Миробидова М. М. Миробидова М. М. Миробидова Муаттар Мирмухамедовна. Родилась 24 июня 1966 года в городе Худжанде, таджичка, образование высшее. В 1990 году окончила Таджикск...
Бободжонзаде А. Бободжонзаде А. Бободжонзаде Абдусалом родился 27 декабря 1966 года в районе Б.Гафуров. По национальности таджик, имеет высшее образование, в 1992 году...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Недоступен ни однин перевод.Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов родился 23 октября 1986 года в городе Худжанде в семье служащего. В 1994 году пошел в среднюю школу №18 города Худжанда, ...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Недоступен ни однин перевод.Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, ма...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Недоступен ни однин перевод.Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Недоступен ни однин перевод.Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ...
Каримов А. А. Каримов А. А. Недоступен ни однин перевод.Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумота...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Недоступен ни однин перевод.Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Недоступен ни однин перевод.Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии ти...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Недоступен ни однин перевод.Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ меб...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Недоступен ни однин перевод.Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ т...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Недоступен ни однин перевод.Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ...