2301
(0 овоз, миёна 0 аз 5)
23 Октябр 2017
Бо иқдому дастгирии Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ба корҳои ободонии шоҳроҳи Истиқлоли шаҳри Хуҷанд суръати тоза бахшида шуд. Кормандони КВДК "Сарраёсати ободонӣ, хоҷагию манзилӣ вакомуналӣ"-и шаҳр то имруз аз маҳаллаи 3-юми шаҳр то истгоҳи БДА-и вилоят баҳри чароғонкунии ин шоҳроҳ беш аз 140 адад симчӯбҳои наву замонавӣ насб намуданд. Ҳамзамон гардишгоҳи маҳаллаҳои 8-12 таҷдиду азнавсозӣ гардида истодааст.
Интизор меравад, ки гардишгоҳи номбурда кабудизор шуда, дар он ниҳолҳои сояафкан, гулу гулбуттаҳои ба мавсими зимистон тобовар шинонида мешавад.
Дафтар матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд
Шарҳ додан