14 Октябр 2017
Аъмоён дар қатори кулли ҷомеа дар кору гуфтор ҷонибдори сиёсати пешгирифтаи Сарвари кишвар, Ҳукумати ҷумҳурӣ ва мақомоти маҳаллӣ ҳастанд. Онҳо, ки мушкилоти зиндагиро бештар эҳсос кардаанд, моҳияти сиёсати пешгирифта, ғамхориҳои пайваста ва саъю талоши давлатро бештар дарк менамоянд. Дар шаҳри Хуҷанд дар партави сиёсати Давлату Ҳукумат, хоса раҳнамоии хирадмандона ва дурандешонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастуру супоришҳои Раиси вилояти Суғд, муҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ ҳурмату эҳтиёти шахсони маъюб, аъмоён ба ҷо оварда шуда, бо ғамхорию дастгирии ҳаматарафа фаро гирифта мешаванд ва ҳамеша таҳти назари мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр қарор доранд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр мунтазам кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки ин зумра ашхос муаммоҳои рӯзгорро ҳар чӣ камтар эҳсос намоянд, худро доимо дар паноҳи Давлату Ҳукумат ва ҷамъият бинанд. Ҳамчунин, ба хотири фароҳам овардани шароит ба аъмоён ҷиҳати солимгардонӣ ва таъмини ҷои кор, соҳиби маълумот шудан, омодагии касбӣ ва дастгирии моддиву маънавии онҳо минбаъд низ чораҳои мушаххас андешида мешаванд.
Ба аъмоёни рӯшандил рӯзгори ободу осуда, ризқу рӯзии фаровонро таманно дорам.
Ҳамеша соҳибирода, сарбаланд ва солим бошед!