2268
(0 овоз, миёна 0 аз 5)
13 Октябр 2017
Дар шаҳри Хуҷанд озмуни шаҳрии “Ровии беҳтарин” бо ташаббуси бахши ҷавонон ва варзиши шаҳр байни муҳассилини таҳсилоти ҳамагонӣ баргузор карда мешавад. Ҳадафи он дастгирӣ намудани ташаббусҳои эҷодӣ, тарғиби васеъи масъалаҳои фарҳангӣ, таълиму тарбияи ҷавонон ва рушду нумӯи тоза ёфтани маънавиёти мардум, баланд бардоштани маърифати фарҳангӣ дар қироати шеъру ғазал, дарёфти истеъдодҳои нав аз ҳисоби ҷавонону наврасон, ки маҳорати хуби ровигӣ доранд, бедор сохтани ҳисси ифтихор нисбати ин ҳунари воло мебошад.
Ҳайати ҳакамон аз ҳисоби омӯзгорони суханшиносу санъатшинос, соҳаи маориф, бахши кор бо ҷавонон ва варзиш, адибону олимон ва шахсони мӯътабар, ки шавқи ин соҳаро доранд зимни интихоби беҳтарин ровӣ ба сифату мазмуннокии иҷрои шартҳо, ифоданок, саҳеҳ хондани шеър, маҳорат, услуби қироат, саҳеҳии онҳо эътибор хоҳанд дод.
Ғолибони ҷойҳои якум, дуюм ва сеюм бо ифтихорномаҳо ва тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда мешаванд.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд
Шарҳ додан