13 Октябр 2017
Озмуни мазкур бахшида ба Рӯзи Президент ва соли 2017 «Соли ҷавонон» роҳандозӣ гардида, ҳадаф аз он дастгирӣ намудани ташаббусҳои эҷодӣ, дарёфти ҷавонони соҳибистеъдод, ғанӣ гардонидани сатҳи маърифатнокӣ ва забондонии ҷавонон, баланд бардоштани маърифати илмӣ ва зеҳнии ҷавонон ва таҳким бахшидани тарбияи ватандӯстию ахлоқии ҷавонон ва ғайраҳо мебошад.
Озмуни шаҳрии мақолаи беҳтарин дар мавзӯи "Ҷавонон - пайрави Пешвои миллат" байни хонандагони синфҳои болоӣ санаи 10 ноябри соли 2017 дар яке аз макотиби таҳсилоти ҳамагонии шаҳри Хуҷанд ҷамъбаст мегардад. Озмун дар ду давр гузаронида мешавад. Даври аввал дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ гузаронида шуда, ғолибон бо пешниҳоди директори муассиса ба даври дуюм-озмуни шаҳрӣ роҳхат мегиранд.
Ҳайати ҳакамон зимни натиҷагирии озмун қабл аз ҳама ба ҳусни хат, эпиграф, мазмун ва мӯҳтаво, мувофиқати нақша бо мундариҷа ва хулосаи маводҳо эътибор хоҳанд дод.
Муаллифони маводҳои беҳтарин, ки аз ҷониби ҳайати ҳакамон ғолиб дониста мешаванд бо ифтихорнома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда мешаванд.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд