(1 голос, среднее 1.00 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

Ифтитоҳи «Маркази савдои Ӯзбекистон» дар ХуҷандНимаи дуюми рӯзи 7 октябри соли равон дар шаҳри Хуҷанд бо иштироки сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Шоқосим Шоисломов Маркази савдои Ӯзбекистон ифтитоҳ гардид.
Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Шоқосим Шоисломов дар ҷараёни ифтитоҳи ин маркази нахустини савдо дар шимоли мамлакат иброз намуд, ки бо ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва  Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев  саъю талошҳои муштарак ҷиҳати ба сатҳи сифатан нав боло бурдани муносибатҳои ду кишвари ҳамсоя мутобиқ ба манфиатҳои аслии мардумони онҳо мавриди амал қарор дода шуда истодааст. Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҷонибдорӣ рушду тавсияи ҳамкориҳои иқтисодиву иҷтимоии ин ду халқи бародар мебошад. Ифтитоҳи «Маркази савдои Ӯзбекистон» дар Хуҷанд Мутмаъин ҳастем, ки ин ҳамкориҳо дар оянда такмил ёфта, барои иҷрои лоиҳаи ҷадид ҳидоят менамояд.
Муовини аввали Раиси шаҳри Хуҷанд Хайрулло Ғайбуллозода ин иқдомро ба манфиати мардум арзёбӣ намуда, таъкид сохт, ки мақомоти шаҳри Хуҷанд омодааст, ки бо назардошти анъанаҳои таърихии дӯстии устувор аз ҳама имкониятҳои мавҷуда барои таҳкиму густариши ҳамкорӣ ва ҳусни ҳамсоягӣ истифода бурда шаванд.
Баъди ифтитоҳи расмии Маркази савдои Ӯзбекистон Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Шоқосим Шоисломов, муовини аввали Раиси шаҳри Хуҷанд Хайрулло Ғайбуллозода ва ҳайати меҳмонон бо молу ашёи ба фурӯш гузоштаи ин маркази савдо аз наздик шинос шуданд. Дар марказ молҳои саноатӣ, сохтмонӣ, озуқа, обу нӯшока, варзишӣ, қисмҳои эҳтиётии автомашинаҳо, заргарӣ, нассоҷӣ ва ғайраҳо ба фурӯш гузошта шуда буданд. Сафири Ӯзбекистон аз нархҳои дастрас ба ҳайрат омада, ба  роҳбари ин маркази савдо Аюб Фозилов дастур дод, ки ин нархҳо тағйир наёбанд, фаъолият шаффоф ва бо амри дилу виҷдон ва обрӯву эътибори кишвари Ӯзбекистон сурат гирад. Ва худи сафир аз аввалин харидор буд, ки бо нархи ҳамагӣ 75 сомонӣ курта, миёнбанд ва гарданбанд харид ва зимни мулоқот бо харидорон изҳор дошт, ки «Роҳбарияти олии Тоҷикистону Ӯзбекистон ҳавасманди рушди мунтазами мушоҳидашавандаи робитаҳои дуҷониба ва тақвияти алоқаҳо миёни кишварҳояшон дар сатҳҳои гуногун, пеш аз ҳама, дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, нақлиёту алоқа ва фарҳангу гуманитарӣ мебошанд.
Таъкид менамоям, ки мо дар Ӯзбекистон ба таҳким ва тақвияти муколамаи эътимоднок ва созанда доир ба кулли рӯзномаи ҳамгироӣ азми қавӣ дорем ва омодаем, ки якҷоя иқтидори мавҷуда ва тамоми имконоти ҳамкории бисёрҷанбаро амалӣ намоем».
Шоқосим Шоисломов гуфт, ки «Ааз 10 то 14 октябри соли равон дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо мақсади таҳкими робитаҳои фарҳангии ду кишвари ба ҳам дӯсту бародар бо ҳузури беш аз 500 нафар Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии ӯзбекистон баргузор мешаванд. Итминони комил дорам, ки муносибатҳои Ӯзбекистону Тоҷикистон, ки бар принсипҳои устувори анъанавии ҳамҷавории нек ва назардошти манфиатҳои тарафайн асос ёфтаанд, минбаъд низ мунтазам ва босубот ба манфиати мардумони ду кишвар таҳким меёбанд».
Сафир изҳор дошт, ки «Ӯзбекистон ҳавасманди бештари ифтитоҳи корҳонаҳои муштарак пеш аз ҳама дар соҳаи хоҷагии кишоварзии вилояти Суғд аст. Мо имкон дорем, ки тамоми анвои мошинолот ва истеҳсолоти хоҷагии халқро дастрас ва ё дар ин сарзамин тариқи муштарак истеҳсол намоем. Дар раванди муносибатҳои кишвари мо давраи нави рушди муносибатҳо фаро расидааст ва касе ҳуқуқ надорад, ки пеши роҳи онро гирад».

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд

Председатель города

Заместители Председателя

Джамшед Набизода Джамшед Набизода Джамшед Набизода. Родился 9 мая 1981 года в городе Худжанде. По национальности таджик. В 2003 году окончил Таджикский университет права, биз...
Хомидзода А.А. Хомидзода А.А. Руководитель аппарата председателя города Хомидзода Абдувахоб Абдумаджид родился 8 июня 1978 года в городе Худжанде. По национальности...
Сангинова М. А. Сангинова М. А. Сангинова Муяссар Абдукахоровна родилась 15 октября 1979 года в городе Худжанде. По национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 200...
Бахтиёр Бокизода Бахтиёр Бокизода Заместитель председателя городаБахтиёр Боқизода родился 28 июля 1983 года в городе Худжанде, имеет четыре высших образования: юридическ...
Гайбуллозода Х. Гайбуллозода Х. Первый заместитель председателя города ХуджандГайбуллозода Хайрулло назначен на данную должность по постановлению Председателя  города ...

Руководители структур

Джураева К. Я. Джураева К. Я. Джураева Кибриё Яхяевна. Родилась 9 сентября 1966 года в Б.Гафуровском районе, по национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 1997 ...
Миробидова М. М. Миробидова М. М. Миробидова Муаттар Мирмухамедовна. Родилась 24 июня 1966 года в городе Худжанде, таджичка, образование высшее. В 1990 году окончила Таджикск...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим родился 1 августа 1968 года в городе Худжанде, по национальности таджик, имеет высшее образование. В 1994 году окончил ...
Бободжонзаде А. Бободжонзаде А. Бободжонзаде Абдусалом родился 27 декабря 1966 года в районе Б.Гафуров. По национальности таджик, имеет высшее образование, в 1992 году...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Недоступен ни однин перевод.Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов родился 23 октября 1986 года в городе Худжанде в семье служащего. В 1994 году пошел в среднюю школу №18 города Худжанда, ...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Недоступен ни однин перевод.Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, ма...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Недоступен ни однин перевод.Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Недоступен ни однин перевод.Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ...
Каримов А. А. Каримов А. А. Недоступен ни однин перевод.Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумота...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Недоступен ни однин перевод.Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Недоступен ни однин перевод.Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии ти...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Недоступен ни однин перевод.Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ меб...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Недоступен ни однин перевод.Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ т...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Недоступен ни однин перевод.Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ...