27 Июль 2013
Бо фармони ректори ДДХ ба номи академик Б.Fафуров, дотсент Fафурҷон Усмонов донишҷӯёни соли якуми факултети забонҳои шарқ чун анъана соли ҷорӣ низ аз санаи 8-ум то 20-уми июл дар шӯъбаи дастхатҳо ва нашрияҳои нодири Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ ба таҷрибаомӯзӣ фаро гирифта шуданд.
Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ на ҳамчун макони таҷрибаомӯзии донишҷӯёни факултаи забонҳои шарқ, балки омӯзгорон, китобдорони тамоми навоҳии вилоят ҳам ба ҳисоб меравад.
Аз санаи 29-уми май то 26-уми июн донишҷӯёни соли аввали таҳсили шӯъбаи китобдории Коллеҷи санъати ба номи Содирхон Ҳофиз М.Собирқулов, Р.Алиматов, М.Пӯлодова, Ф.Бобоҷонова, Р.Мӯъминова аз таҷрибаи китобдорони пешқадам бархурдор гаштанд. Ҳамчунин, Ҳусноро Дӯстмуҳаммадова донишҷӯи соли хониши сеюми факултаи китобдории Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода аз 1-уми июл то имрӯз дар китобхона ба таҷрибаомӯзӣ машғул аст.
Аз 1-уми июл сар карда, китобдорони Китобхонаи бачагонаи вилоятӣ М.Турсунова, М.Осимова, М.Усмонова, дар шӯъбаҳои бачагона, илмӣ-методӣ, пуркунӣ ва коркарди адабиёт ва китобдор М.Расулова дар шӯъбаи маълумотдиҳӣ-библиографӣ дар ҳамкорӣ бо мутахассисон ба бозомӯзӣ ва сайқал додани таҷрибаи меҳнатӣ шурӯъ намуданд.