(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

Суханронии Пешвои миллат дар маросими ифтитоҳи бинои навбунёди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 59 дар деҳаи Гулбуттаи деҳоти Чимтеппаи ноҳияи РӯдакӣОмӯзгорони муҳтарам ва фарзандони азиз!
Падару модарон ва ҳозирини гиромӣ!
Пеш аз ҳама, кулли кормандони соҳаи маорифи кишвар, аз ҷумла шумо, устодону омӯзгорони ноҳияи Рӯдакиро ба ифтихори Рӯзи омӯзгор, яъне ҷашни касбии аҳли маориф, ки ҳамасола дар аввали моҳи октябр таҷлил мегардад ва Рӯзи забони давлатӣ, ки 5-уми октябр ҷашн гирифта мешавад, табрик гуфта, бароятон дар ҷодаи ба камол расонидани насли шоистаи миллат ва шахсиятҳои ватандӯсту худогоҳ барору комёбӣ орзумандам.
Ҷашни забон, хусусан, барои аҳли маориф қадру манзалати зиёд дорад. Чунки устоду омӯзгор дар ҳамаи давру замонҳо нерӯи ҳифзкунандаи забон ва пешбарандаи саводу маърифат буда, сарфи назар аз ҳар гуна мушкилот, ин масъулияти пуршарафи хешро сарбаландона иҷро менамояд.

Маҳз тавассути осори илмиву адабӣ ва заҳмати омӯзгорон фасоҳату нозукиҳои забони тоҷикӣ дар тӯли беш аз ҳазор сол побарҷо монда, имрӯз сабку услуби ашъори Рӯдакӣ ва садҳо нафар адибони гузаштаамон ба хонанда дастрасу фаҳмо мебошад.
Гузашта аз ин, забони тоҷикӣ дар тӯли ҳастии миллати мо нақши барҷаста бозида, арзишҳои милливу таърихии халқамон маҳз тавассути он ҳифз гардидаанд.
Бинобар ин, моро зарур аст, ки ба ин рукни муқаддаси миллӣ, яъне забони давлатӣ арҷ гузорем ва онро барои фарзандон ба мисли аҷдоди некноми худ бегазанд ба мерос монем.
Боиси хушҳолист, ки дар рӯзҳои таҷлили чунин санаҳои муҳим боз як боргоҳи нави маърифат ба истифода супорида шуд ва ба ин муносибат аҳли маориф ва хонандагонро табрик гуфта, итминон дорам, ки дар оянда аз байни шогирдони ин даргоҳи муқаддас шахсиятҳои маъруф ба камол расида, барои халқу Ватани маҳбуби худ хизмати шоиста анҷом медиҳанд.
Ҳозирини гиромӣ!
Ноҳияи Рӯдакӣ аз лиҳози масоҳат ва зичии аҳолӣ яке аз ноҳияҳои бузургтарин ва сераҳолии кишвар мебошад.
Илова бар ин, дар даҳсолаҳои охир бо сабаби барои истиқомат омадани сокинони минтақаҳои мухталифи кишвар ба ноҳия шумораи аҳолӣ ва хонандагони он сол то сол зиёд шуда, бунёди муассисаҳои нави таълимӣ ва муҳайё сохтани ҷойи нишаст барои кӯдакону наврасон ба масъалаи мураккабу ҳалталаб табдил ёфта буд.
Бо мақсади бартарафсозии мушкилоти мавҷуда дар даврони соҳибистиқлолӣ аз ҳисоби буҷети давлат, Фонди захиравии Президент ва сарчашмаҳои дигар дар назди 86 муассисаи таълимии ноҳия 445 синфхона ва биноҳои нави иловагӣ сохта, ба истифода дода шуданд.
Танҳо дар давоми солҳои 2007-2017 аз ҳисоби маблағҳои Ҳукумати мамлакат, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, инчунин, бо ҷалби сармояи хориҷӣ ва аз тарафи соҳибкорони ватанӣ 54 бинои таълимӣ ва 127 синфхонаи иловагӣ барои 25 ҳазор нафар хонанда бунёд гардидааст.
Ҳоло дар ҳудуди ноҳия сохтмони 7 бинои таълимӣ ва 108 синфхона барои қариб 6 ҳазор ҷойи нишаст бомаром идома дорад.
Ҳамчунин, тибқи нақша вақтҳои наздик аз ҳисоби буҷети ноҳия бунёди боз 3 бинои нави таълимӣ барои 1000 ҷойи нишаст пешбинӣ шудааст.
Бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 59, ки имрӯз ба истифода супорида шуд, бо дастгирии Ҳукумати мамлакат ва маблағгузории Ширкати ТВЕА-и Ҷумҳурии Халқии Хитой бунёд гардида, барои 1280 нафар хонанда дар ду баст пешбинӣ гардидааст.
Мактаби имрӯза аз 28 утоқи таълимӣ ва дигар инфрасохтори зарурӣ иборат буда, дар он тибқи меъёрҳои байналмилалии меъмориву таълим барои таълиму тарбияи хонандагон ҳамаи шароиту имкониятҳои муосир фароҳам оварда шудаанд.
Бинобар ин, ба кулли меъморону бинокорон ва махсусан, ба роҳбарияти Ширкати ТВЕА-и ҳамсоякишвари бузургамон - Ҷумҳурии Халқии Хитой барои бунёди чунин иншооти зебои замонавӣ миннатдорӣ баён менамоям.
Воқеан, Тоҷикистон аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолӣ соҳаи маорифро самти афзалиятноки фаъолияти худ қарор дода, маблағгузории онро мунтазам афзоиш дода истодааст.
Масалан, агар соли 2013 ба соҳаи маорифи ноҳияи Рӯдакӣ 57 миллион сомонӣ маблағ ҷудо шуда бошад, пас ин рақам дар соли ҷорӣ қариб ба 100 миллион сомонӣ расонида шуд, яъне афзоиши маблағгузорӣ ба соҳа танҳо дар панҷ соли охир қариб ду баробарро ташкил намуд.
Ҳоло дар ноҳияи Рӯдакӣ 160 муассисаи таҳсилоти умумӣ фаъолият дошта, дар онҳо беш аз 116 ҳазор нафар хонанда, аз ҷумла 56 ҳазор нафар духтарон ба таҳсил фаро гирифта шудаанд, ки ин нисбат ба соли таҳсили гузашта қариб 7 ҳазор нафар зиёд мебошад.
Дар ноҳия 12 муассисаи томактабӣ фаъолият дорад, ки дар онҳо зиёда аз 1400 нафар кӯдакон ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд.
Аммо ин рақам дар муқоиса бо шумораи умумии кӯдакони то шашсолаи ноҳияи калонтарин нишондиҳандаи хеле паст мебошад.
Бо мақсади ҳарчи бештар ба таълиму тарбия фаро гирифтани кӯдакони синни томактабӣ қарори Ҳукумати кишвар «Дар бораи Барномаи рушди муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии хусусӣ барои солҳои 2014- 2020» қабул гардидааст, ки мутобиқи он дар ноҳияи Рӯдакӣ бунёд намудани 30 муассисаи томактабӣ ба нақша гирифта шудааст.
Аз ин рӯ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ва роҳбарони соҳаи маориф барои иҷрои барномаи зикршуда ва ҳалли масъалаҳои мавҷуда, аз ҷумла дар самти бунёди боғчаву кӯдакистонҳои хусусӣ бояд чораҳои зарурӣ андешанд.
Тибқи маълумот раванди таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимии ноҳия хуб ба роҳ монда шуда, сатҳу сифати дониши хонандагон низ ба талабот ҷавобгӯй мебошад.
Шумораи дохилшавандагон аз ҳисоби хатмкунандагони мактабҳои ноҳия ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ сол ба сол зиёд шуда истодааст.
Ин нишондиҳанда дар соли равон беш аз 2600 нафарро ташкил додааст, ки нисбат ба соли таҳсили 2015-2016-ум 460 нафар зиёд мебошад.
Ҳоло зиёда аз 5000 нафар хатмкардагони муассисаҳои таълимии ноҳия, аз ҷумла 122 нафар тибқи квотаи Президентӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар ва 260 нафар дар хориҷи кишвар таҳсил менамоянд.
Ин нишондиҳандаи умедбахш натиҷаи заҳмати содиқонаи аҳли маориф ва робитаи хуби онҳо бо падару модарон буда, албатта, қобили таҳсину дастгирӣ мебошад.
Дар муассисаҳои таълимии ноҳияи Рӯдакӣ зиёда аз 5300 нафар омӯзгорон фаъолият доранд, ки 3400 нафари онҳоро занон ташкил медиҳанд.
Яъне қисми асосии ҳайати омӯзгорон занон мебошанд, ки ин дастоварди назаррас дар самти ҷалби занону бонувон ба раванди таълиму тарбия ба ҳисоб меравад.
Бояд гуфт, ки 90 фоизи омӯзгорони мактабҳои ноҳия соҳиби маълумоти олӣ мебошанд.
Бо вуҷуди пешравиҳои зикршуда дар соҳаи маорифи ноҳия баъзе камбудиву мушкилот, аз ҷумла норасоии омӯзгорони фанҳои дақиқ, забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ, инчунин, ба ҷойи кор ҳозир нашудани мутахассисони ҷавон ҷой доранд, ки роҳбарону мутахассисони соҳа бояд онҳоро ҳарчи зудтар ҳаллу фасл намоянд.
Ҳамчунин, зарур аст, ки ба масъалаи ҷалби ҳарчи бештари фарзандони аҳолии ноҳия ба марказҳои эҷодии кӯдакону наврасон, дарёфти истеъдодҳо ва инкишофи кӯдакон эътибори хосса зоҳир намуда, дар ҳамкорӣ бо соҳибкорон барои таъсис додани муассисаҳои томактабии хусусӣ тадбирҳои иловагӣ андешида шаванд.
Тибқи таҳлилҳо дар маҳалҳои аҳолинишини атрофи деҳаи Гулбутта ва умуман, дар ҳамаи деҳоти ноҳия афзоиши аҳолӣ ва нарасидани ҷойҳои нишаст дар мактабҳо хеле зиёд мебошад ва роҳбарони Вазорати маориф ва илм, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияро бояд бо истифода аз имкониятҳои дохилӣ, ҷалби сармояи хориҷӣ ва соҳибкорону шахсони ҳимматбаланд доир ба ин масъала чораҳои мушаххас андешанд.
Асри нав замони илму техника ва технологияҳои пешқадам, давраи кашфиёту ихтироот мебошад.
Яъне дар замони муосир омӯхтани технологияҳои иттилоотӣ, азхудкунии нозукиҳои кор бо онҳо ва истифодаи дурусту оқилона аз интернет нақши торафт муҳим пайдо карда истодааст.
Аммо мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки истифодаи мақсадноку самарабахши таҷҳизоти иттилоотиву коммуникатсионӣ дар бисёр муассисаҳои таълимии кишвар то ҳанӯз ба таври зарурӣ ба роҳ монда нашудааст.
Барои тақвият бахшидан ба ин самти фаъолият чанд рӯз пештар дар ҷаласаи Ҳукумати мамлакат Барномаи давлатии амалӣ намудани технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии кишвар барои солҳои 2018-2022 қабул карда шуд.
Бовар дорам, ки дар доираи татбиқи барномаи нав омӯзгорону хонандагони муассисаҳои таълимӣ дар истифодаи мақсадноки технологияҳои иттилоотӣ ва ба ин васила дар самти боз ҳам беҳтар шудани сифати таълиму тарбия ба пешравиҳо муваффақ мегарданд.
Бо истифода аз иштироки фаъолону намояндагони мардуми ноҳия ва падару модарон мехоҳам боз як масъалаи муҳим, яъне вазъи риояи талаботи қонунҳои ҷорӣ ва тартиботи ҷамъиятиро таъкид намоям.
Тибқи таҳлилҳо ва маълумоти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ вазъи риояи қонунҳо дар ноҳия ташвишовар мебошад ва шумораи ҷинояткорӣ тамоюли зиёдшавӣ дорад.
Агар соли 2016 нисбат ба соли 2015 11 фоиз зиёдтар ҷиноят содир шуда бошад, танҳо дар ҳашт моҳи соли 2017 нисбат ба ҳамин давраи соли 2015 содиршавии ҷиноятҳо қариб 17 фоиз афзудааст.
Аз ҳама ташвишовар ин аст, ки содиршавии ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин торафт зиёд шуда истодааст.
Аз соли 2015 то ба ҳол 15 ҷинояти одамкушӣ, 10 ҷинояти қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ ва 14 ҷинояти роҳзанӣ содир шудааст. Афзоиши ҷиноятҳои қаллобӣ, дуздӣ ва авбошӣ низ ба қайд гирифта шудааст.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки танҳо тайи чор соли охир нисбат ба 168 нафар сокинони ноҳия барои ҷалб ва шомилшавӣ ба ташкилоту гурӯҳҳои террористӣ ва ҳаракатҳои экстремистӣ парвандаҳои ҷиноӣ оғоз карда шудаанд.
То ҳол 36 нафар сокинони ноҳия дар муассисаҳои таълими динии кишварҳои хориҷӣ ғайриқонунӣ таҳсил карда истодаанд.
Бо мақсади хотима бахшидан ба бенизомӣ дар истифодаи замин дар ноҳия ситоди Прокуратураи генералӣ дар ҳамкорӣ бо Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ фаъолият менамояд.
Вале то ба имрӯз бетартибӣ дар ин самт идома дорад.
Ба ибораи дигар, заминфурӯшӣ дар ноҳия ба дарди бедаво табдил ёфтааст.
Бадтар аз ҳама, заминҳои ҳосилхези таъиноти кишоварзӣ бо мақсади ғайрикишоварзӣ фурӯхта мешаванд.
Дар натиҷа тайи се соли охир 58 хоҷагии деҳқонӣ барҳам хӯрдааст, зеро заминҳои онҳо пурра фурӯхта шудаанд ва хоҷагиҳои деҳқонӣ безамин мондаанд.
Ба ҳамин тариқ, дар зарфи 20 соли охир қариб дуюним ҳазор гектар заминҳои таъиноти кишоварзӣ аз гардиш бароварда шудаанд, ки 11 фоизи замини кишоварзии ноҳияро ташкил медиҳанд.
Дар давоми соли 2016 ва нуҳ моҳи соли ҷорӣ аз тарафи Агентии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсия 103 ҷиноятҳои коррупсионӣ ва ҷиноятҳои иқтисодии дорои хусусияти коррупсионӣ ошкор гардида, ба қайд гирифта шудаанд.
Аз ҷониби ситоди Прокуратураи генералӣ оид ба 960 ҳолати хариду фурӯши замин ба маблағи 45 миллион сомонӣ парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз карда шудаанд.
Умуман, дар ду солу нуҳ моҳи охир нисбат ба 608 нафар бо зиёда аз 1500 ҳолати қонуншиканӣ дар соҳаи замин парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз гардида, мавриди тафтиш қарор дода шудаанд.
Бо вуҷуди чораҳои андешидашуда соли 2016 қариб 3 гектар ва соли 2015 қариб 32 гектар замин фурӯхта шудааст. Худи ҳамин сол низ фурӯхтани дуюним гектар замин ошкор карда шудааст.
Чунин вазъ тақозо менамояд, ки роҳбарони ноҳия ва ҷамоатҳои он, Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ, Прокуратураи генералӣ ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ корро дар самти пешгирӣ кардани содиршавии чунин қонуншиканиҳо ба таври қатъӣ ҷоннок намоянд.
Дар ноҳия содир гардидани ҳуқуқвайронкуниҳо аз ҷониби ноболиғон низ тамоюли зиёдшавӣ дорад.
Ҷинояткории ноболиғон дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 28 фоиз зиёд ба қайд гирифта шудааст, ки нишондиҳандаи риоя нагардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» мебошад.
Ин дар ҳолест, ки нисбат ба якуним ҳазор нафар падару модарон барои иҷрои номатлуби уҳдадориҳои тарбиявӣ ва монеъ шудан ба таҳсилоти фарзандон парвандаҳо оғоз карда шудаанд.
Шумо – сокинони ноҳияи Рӯдакӣ бояд ҳамеша дар хотир дошта бошед, ки дар наздикии пойтахти давлат зиндагӣ мекунед.
Аз ин рӯ, кӯшиш намоед, ки дар баробари фароҳам овардани шароит барои таълиму тарбияи наврасону ҷавонон дар риояи қонунияту тартибот, яъне таъмин намудани волоияти қонун, тарбияи дурусти фарзандон, эҳтироми фарҳангу анъанаҳои миллӣ ва тарзи либоспӯшиву одоби муошират ҳамқадами сокинони пойтахт бошед.
Мо аз мардуми заҳматдӯсти ноҳия, бахусус, кишоварзони асилу соҳибтаҷриба сипосгузорем, ки дар таъмини бозорҳои пойтахти давлатамон ва фаровонии дастурхони сокинони он саҳми басо арзишманд мегузоранд.
Шубҳае нест, ки шумо ба шукронаи соҳибихтиёриву соҳибватанӣ ва сулҳу суботи комили кишвар бо заҳмату талоши софдилонаи хеш барои боз ҳам ободу зебо гардонидани ноҳия ва Ватани азизамон минбаъд низ саҳми сазовор мегузоред.
Бо дарназардошти фарорасии тирамоҳу зимистон ҳамаи роҳбарону мутахассисонро зарур аст, ки ба масъалаи омодагӣ ба фасли сармо, захира намудани сӯзишворӣ дар муассисаҳои иҷтимоӣ ва маводи ғизоӣ дар ҳар як оила, таъмиру тармим ва дар ҳолати хуби корӣ нигоҳ доштани иншооту таҷҳизоти энергетикӣ, шабакаҳои барқрасонӣ ва роҳҳо эътибори аввалиндараҷа диҳанд.
Вобаста ба ин, ба кулли мардуми шарифи кишвар муроҷиат намуда, таъкид карданӣ ҳастам, ки тибқи маълумоти пешакӣ зимистони имсола хеле тӯлониву сард меояд.
Бинобар ин, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, корхонаву идораҳо ва умуман, ҳар сокини кишвар ба масъалаи истифодаи самараноку сарфакоронаи нерӯи барқ ва гармӣ эътибори ҷиддӣ бояд диҳанд.
Агар хоҳем, ки аз нерӯи барқ мунтазам истифода барем ва дар фасли сармо муассисаҳои иҷтимоӣ, хонаву кошонаамон гарму фурӯзон бошанд ва ба ҷорӣ намудани маҳдудияти истифодаи нерӯи барқ маҷбур нашавем, бояд нерӯи барқ ва гармиро сарфакоронаву мақсаднок истифода барем ва ба исрофкорӣ роҳ надиҳем.
Ҳамчунин, ба роҳбарону фаъолон ва соҳибкорони ноҳия хотиррасон месозам, ки корҳои ободониро боз ҳам вусъат бахшида, дар маркази ноҳия ва деҳаҳо мисли пойтахти кишварамон-шаҳри Душанбе ҳарчи бештар иншооту майдончаҳои бозии кӯдакон ва варзиш бунёд намоянд ва барои мардум, алалхусус, наврасону ҷавонон шароити хуби машқу тамрин ва истироҳатро муҳайё созанд.
Дар ҷодаи боз ҳам ободу пешрафта гардонидани ноҳия ва кишвари маҳбубамон ба ҳар яки шумо – ҳозирини гиромӣ ва тамоми сокинони заҳматкашу ватандӯсти ноҳияи Рӯдакӣ барори кор ва ба омӯзгорону хонандагони даргоҳи нави маърифат саломативу хушбахтӣ ва таҳсили хубу аъло орзу менамоям.
Ҳамеша саодатманду сарбаланд бошед!

Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд

?>

Председатель города

Заместители Председателя

Джамшед Набизода Джамшед Набизода Джамшед Набизода. Родился 9 мая 1981 года в городе Худжанде. По национальности таджик. В 2003 году окончил Таджикский университет права, биз...
Хомидзода А.А. Хомидзода А.А. Руководитель аппарата председателя города Хомидзода Абдувахоб Абдумаджид родился 8 июня 1978 года в городе Худжанде. По национальности...
Сангинова М. А. Сангинова М. А. Сангинова Муяссар Абдукахоровна родилась 15 октября 1979 года в городе Худжанде. По национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 200...
Бахтиёр Бокизода Бахтиёр Бокизода Заместитель председателя городаБахтиёр Боқизода родился 28 июля 1983 года в городе Худжанде, имеет четыре высших образования: юридическ...
Гайбуллозода Х. Гайбуллозода Х. Первый заместитель председателя города ХуджандГайбуллозода Хайрулло назначен на данную должность по постановлению Председателя  города ...

Руководители структур

Джураева К. Я. Джураева К. Я. Джураева Кибриё Яхяевна. Родилась 9 сентября 1966 года в Б.Гафуровском районе, по национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 1997 ...
Миробидова М. М. Миробидова М. М. Миробидова Муаттар Мирмухамедовна. Родилась 24 июня 1966 года в городе Худжанде, таджичка, образование высшее. В 1990 году окончила Таджикск...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Недоступен ни однин перевод.Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов родился 23 октября 1986 года в городе Худжанде в семье служащего. В 1994 году пошел в среднюю школу №18 города Худжанда, ...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Недоступен ни однин перевод.Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, ма...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Недоступен ни однин перевод.Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Недоступен ни однин перевод.Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ...
Каримов А. А. Каримов А. А. Недоступен ни однин перевод.Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумота...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Недоступен ни однин перевод.Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Недоступен ни однин перевод.Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии ти...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Недоступен ни однин перевод.Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ меб...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Недоступен ни однин перевод.Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ т...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Недоступен ни однин перевод.Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ...