(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии ТоҷикистонДирӯз дар Қасри миллат таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар кори маҷлис нахуст “Дар бораи Низомномаи мақомоти маҳалли меъморӣ ва шаҳрсозӣ” гузориши Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмон ва “Дар бораи Барномаи давлатии амалӣ намудани технологияҳои иттилоотӣ - коммуникатсионӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022” гузориши Вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ шунида шуд.
Лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Низомномаи мақомоти маҳаллии меъморӣ ва шаҳрсозӣ” бо мақсади таъмини талабот ва таҳти назорати доимӣ қарор додани талаботи меъёрҳои қонунгузории соҳаи сохтмон, такмил додан ва мукаммал намудани онҳо, инчунин татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи шаҳрсозӣ, таҳия шудааст. Мақсади таҳияи Лоиҳаи қарори ҳукумат “Дар бораи Барномаи давлатии амалӣ намудани технологияҳои иттилоотӣ - коммуникатсионӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022” бошад, баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ ва рушди заминаҳои муосири моддию техникии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ мебошад.
Дар бораи Нақшаи генералии шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд ва Дар бораи  Нақшаи генералии деҳаи Айнӣ - маркази ноҳияи Айнии вилояти Суғд раисони шаҳру ноҳияи номбаршуда ҳисобот доданд.
Таъкид гардид, ки Нақшаи генералии шаҳри Панҷакент ва Нақшаи генералии деҳаи Айнӣ - маркази ноҳияи Айнии вилояти Суғд бо мақсади муайян кардани стратегияи рушди иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва ҳудуди маҳалҳои номбаршуда, таҳия шудааст.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки аз ҷониби Ҳукумати кишвар бо мақсади дар амал татбиқ кардани нақшаҳои генералӣ дар асоси бандҳои алоҳидаи Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон қитъаҳои замин ҷудо карда шудааст. Президенти мамлакат ба роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент, ноҳияи Айнӣ ва дигар вазорату идораҳои дахлдор супориш доданд, ки барои амалӣ кардани ин барномаҳои ояндадор аз тамоми имкониятҳо самаранок истифода баранд. Ҳамчунин таъкид карда шуд, ки ҳадафи асосӣ аз андешидани ин тадбирҳо беҳтар кардани шароити иҷтимоию иқтисодии мардуми кишвар мебошад.
Дар кори маҷлис лоиҳаҳои як қатор қонунҳо, аз ҷумла Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти илмӣ ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника» ва Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» -ро муҳокима гардида, барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуд.
Барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ҳамчунин 6 хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла Дар бораи пешниҳоди хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тартиби ҳалли масъалаҳои сохти марзиву маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Дар бораи пешниҳоди хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рамзҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Оид ба пешниҳоди хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи бехатарии ҳаракат дар роҳ” ва Дар бораи пешниҳоди хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ” пешниҳод гардид.
Дар бораи пешниҳоди Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Варзоб дар хусуси ба категорияи деҳа мансуб донистани маҳали аҳолинишини Работи деҳоти Варзоб-Қалъаи ноҳияи Варзоб, Дар бораи Низомномаи Фонди осорхонаҳои Ҷумҳурии  Тоҷикистон, Дар бораи Барномаи рушди кинои Ҷумҳурии Тоҷикистон  барои  солҳои  2018-2022, Дар бораи Талаботи умумӣ ба тайёркунии касбӣ, азнавтайёркунӣ, такмили ихтисос ва таҷрибаомӯзии кормандон дар ташкилотҳои давлатӣ аз масъалаҳои дигари рӯзномаи маҷлис буд, ки вобаста ба татбиқи онҳо қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.
Дар охири кори маҷлис Президенти мамлакат, Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба аъзои Ҳукумати ҷумҳурӣ, роҳбарони вазорату кумитаҳо ва дигар идораҳои давлатӣ барои иҷрои ҳатмии масъалаҳои дар маҷлис баррасишуда, инчунин вобаста ба омодагии ҳамаи бахшҳои хоҷагии халқ ва ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2017-2018, захираи маводи сухту озуқаворӣ ва сабзавот дар ҳама шаҳру ноҳияҳо, рушди бахши энергетика, таъмини муназзами гармӣ ва неруи барқ ба аҳолӣ ва дигар истеъмолкунандагон, тезонидани суръат ва ҷамъоварии беталафи ҳосил, зиёд кардани майдони кишти сабзавоту ғалладонагӣ, истеҳсоли молу маҳсулоти воридотивазкунанда ва содироти он супоришҳои мушаххас доданд.

Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...