(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Иҷлосияи навбатии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд

Дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимият давлатии шаҳри Хуҷанд иҷлосияи ёздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳр, даъвати панҷум баргузор гардид. Раиси шаҳр Маъруф Муҳаммадзода иҷлосияро ифтитоҳ намуда, ҳозиринро бо рӯзномаи он ошно намуд. Баъди интихоби котибот ва тасдиқи рӯзномаи иҷлосия вакилон ба баррасии он шуруъ намуданд.
Нахуст, оид ба ҷараёни татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” муовини аввали Раиси шаҳр Хайрулло Ғайбуллозода маърӯза намуда, аз ҷумла афзуд, ки дар асоси талабу дархости сершумори мардум санаи 23 августи соли равон аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузории худ барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»,  пешниҳод гардид ва баъди баррасӣ дар Маҷлиси намояндагони Маҷлисӣ Олӣ, ҷонибдории Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 29 августи соли 2017 баъди интишори расмӣ ҳукми қонунӣ пайдо кард. Иҷлосияи навбатии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд

Дар қонуни таҷдидшуда як қатор меъёрҳои наве пешниҳод гардидаанд, ки онҳо барои ҳимояи манфиатҳои аҳолӣ равона карда шудаанд. Аз ҷумла, дар рӯзҳои Иди Рамазон ва Қурбон оростани дастурхони маънавии хоксорона ва роҳ надодан ба исрофкорӣ ва зиёдаравӣ яке аз онҳост.
Мувофиқи қонуни мазкур минбаъд хатнасур дар доираи оила ва бе хизматрасонии санъаткорон гузаронида мешавад. Хатна бошад бо розигии падару модар аз рӯзи таваллуди писар то рӯзи бистуми баъди таваллуд дар муассисаҳои тиббии дахлдор ба таври ройгон бо тартиби муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ гузаронида мешавад. Гузаронидани маъракаҳои ба таваллуди кӯдак вобаста дар доираи оила, бе забҳи чорво ва хизматрасонии санъаткорон иҷозат дода мешавад.
Хайрулло Ғайбуллозода афзуд, ки Комиссияи доимии танзими анъана ва ҷашну маросими мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр баҳри пурсамар ба роҳ мондани татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” таҳти роҳбарии Раиси шаҳр, Раиси комиссияи доимӣ як қатор корҳо амалӣ гардид. Ин пеш аз ҳама ташкили комиссияҳои ҷамъиятӣ дар кумитаи маҳаллаҳо ва корхонаву муассисаҳо новобаста аз шакли моликияташон, ки зиёда аз 30 нафар корманд доранд, таъсис дода шуд. Агар ба омор назар андозем масалан дар соли 2007 комиссияҳои ҷамъиятӣ 60 адад ташкил карда шуда бошад, ҳоло миқдори онҳо ба 190 адад расидааст.
Оид ба рафти иҷрои Қонуни мазкур дар шаҳри Хуҷанд дар давоми нӯҳ моҳи соли 2017 мувофиқи маълумоти оморӣ 2180 адад маърака ба қайд гирифта шудааст. Аз ин шумора, 1097 адад тӯи  домодию арӯсӣ, 859 адад маъракаи хатнасур, 149 адад маъракаи чил ва 75 адад маросими сол гузаронида шудааст. Шумораи чорвои забҳшуда 115 сар буда, хароҷоти маъракаҳои гузаронидашуда ба таври умумӣ тақрибан 12 миллиону 829 ҳазору 600 сомониро ташкил дода, ба ҳар як сари тақрибан 5885 сомонӣ рост меояд.
Муовини аввали Раиси шаҳр Хайрулло Ғайбуллозода гуфт, ки  баҳри иҷрои супориши Раиси вилоят мӯҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бо роҳбарони тӯйхонаҳо корбарӣ намуда, нархномаи хизматрасонии онҳо бо Раёсати Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд мувофиқа карда шудааст. Қайд менамоем, ки дар ҳудуди шаҳри Хуҷанд 23 адад тӯйхонаҳо фаъолият мекунад. Мувофиқи маълумоти Раёсати зиддиинҳисории вилоят нархномаи ҳаққи тӯйхонаҳо вобаста ба сатҳу сифати хизматрасонӣ аз 500 сомонӣ то 7000 сомонӣ муайян карда шудааст. Масалан 4 тӯйхона аз 6000 то 7000 сомонӣ, 13 тӯйхона аз  2500 то 3500 сомонӣ ва 6 тӯйхона аз 500 сомонӣ то 1000 сомонӣ муаян карда шудааст.
Аз рӯи маълумоти идораи нозироти андози шаҳр шумораи наворбардорони маъракаҳо 45 нафар буда, хаққи хизматрасонии онҳо аз 300 сомонӣ то 2000 сомониро ташкил медиҳад. Инчунин, дар ҳудуди шаҳр 12 толори арӯсӣ дар асоси  шаҳодатнома фаъолият дошта, иҷораи либоси арӯсӣ аз 2000 сомонӣ то 10 ҳазор сомонӣ  мебошад. Тибқи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷиҳати таҳкими фаъолияти комиссияҳои доимии маҳаллӣ ва ҷамъиятӣ, салоҳияти ин комиссияҳо меъёрҳои нав пешбинӣ гардидаанд.
Сипас вакилони шаҳр Мадина Набизода, Мӯҳсин Исобоев ва Алиҷон Одинаев ба музокира баромада, андешаи хешро ҷиҳати амалишавии воқеъии қонуни мазкур иброз намуданд.
Аз рӯйи масъалаи дуюми иҷлосия дар бораи рафти иҷрои Қонуни  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  “Дар  бораи ӯҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ” дар шаҳри Хуҷанд комисари ҳарбии шаҳр Абдушоҳид Ниёззода иттилоъ дода, аз ҷумла афзуд, ки дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 934 аз 13 сентябри соли 2017 «Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки мӯҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1990 – 1999 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ» ва Фармони ВМҶТ таҳти №529 аз 25.08.2015 сол,  «Раҳнамо оид ба омодагӣ ва гузаронидани даъватӣ шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ ва ба эҳтиёт рухсат намудани сарбозон ва серҷантоне, ки хизмати ҳарбиро аз рӯи даъват адо менамоянд» ва Қарори Раиси шаҳри Хуҷанд таҳти №479 аз 21.08.2017 сол «Дар бораи омодагӣ ба даъвати тирамоҳонаи ҷавонписарони соли таваллудашон 1990-1999 ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2017». гузаронидани омӯзиши пешакии даъватшавандагони солҳои таваллуди 1990-1999 дар кумитаҳои маҳаллаҳои шаҳр, аз санаи 21 августи 2017 сол то инҷониб аз тарафи шахсони масъули комиссариати ҳарбии шаҳри Хуҷанд ва якҷоя бо раисони кумитаҳои маҳаллаҳои шаҳри Хуҷанд, бо раисони шӯрои кор бо ҷавонони кумитаи маҳаллаҳо, омӯзиши пешакии даъватшавандагони солҳои таваллуди 1990-1999 дар кумитаҳои маҳаллаҳои шаҳр, таҳлили аниқи шумораи шаҳрвандони синну соли даъватӣ гузаронида шуда истодааст.
Нақшаи даъвати шаҳри Хуҷанд дар давраи даъвати тирамоҳонаи 2017 сол 186 нафар мебошад, тибқи рӯйхат даъватшавандагон дар кумитаи маҳаллаҳои шаҳр 3909 нафар мебошанд, ки бо тарзи гуфтугузори хона ба хона, сӯҳбат бо даъватшаванда ва волидайни онҳо оиди вазъи саломатӣ, вазъи иҷтимоии даъватшавандагон даъватнома супорида шудааст.
Бояд қайд намуд, ки дар моддаи 3 – и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ӯҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» оварда шудааст: «Мақомоти ҳокимияти иҷроияи маҳаллӣ (минбаъд - ҳукуматҳо) ва мақомоти худидоракунии маҳаллӣ (минбаъд - ҷамоатҳо), шахсони мансабдори корхонаҳо, ташкилоту муассисаҳо ӯҳдадоранд: шаҳрвандонро аз даъватҳои комиссариати ҳарбӣ хабардор созанд; ба шаҳрвандон имконияти ба даъвати комиссариати ҳарбӣ сари вақт ҳозир шуданро таъмин намоянд ва ғайраҳо. Аз ин лиҳоз барои сари вақт ва босифат иҷро намудани нақшаи даъват, сафарбар намудани шаҳрвандон аз шаҳри Хуҷанд ва ба камбудиҳо роҳ надодан таҳлилҳо оиди иҷро намудани нақшаи даъвати 2016 сол ва даъвати баҳоронаи 2017 сол гузаронида шудаанд.
Абдушоҳид Ниёззода таъкид кард, ки барои соҳиби касб шудани ҷавонон ва ҷалби онҳо ба хизмати ҳарбӣ бо мактаби муттаҳидаи техникии ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиа дар шаҳри Хуҷанд ҳамкорӣ намуда, баҳри ройгон таҳсил намудани онҳо тариқи телевизионҳои маҳаллӣ эълон дода шуд ва дар маҳаллаҳо корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ бурда шуданд. Дар натиҷа аз ҳисоби маблағи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр 25 нафар ҷавонони синну соли даъватӣ ҷалб гардида, дар мактаби муттаҳидаи техникии ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиа дар шаҳри Хуҷанд  таҳсил намуда истодаанд. Инчунин бояд қайд намуд, ки аз ҳисоби маблағи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар мактаби муттаҳидаи техникии ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиа дар шаҳри Хуҷанд  11 нафар ҷавонон таҳсил карда истодаанд. Умуман ба мактаби муттаҳидаи техникии ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиа дар шаҳри Хуҷанд 38 нафар ҷавонон ҷалб гардиданд.
Аз рӯйи масъалаи баррасишаванда вакилон Музаффар Атахонов, Матлуба Муинова ва Фазлиддин Шарифов баромад намуда, андешаҳои хешро ироа доштанд.
Ба самъи вакилон ҳисоботи комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд оид ба масъалаҳои қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ Наим Маликисломӣ ва вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд аз ҳавзаи интихоботии Рӯдакӣ, № 12 Набиҷон Халилзода оид ба рафти иҷрои ваколати вакилӣ расонида шуд.
Муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Раъно Ҳошимзода “Оид ба номгузории объектҳои физикию ҷуғрофӣ” баромад намуда, таклиф кард, ки вакилон гузоштани лавҳаи ёдгории Барака Бобоеваро дар суроғаи шаҳри Хуҷанд, кӯчаи Хуҷанд, ҳавлии №33 ва гузоштани лавҳаи хотиравии Қодиров Акпархоҷаро дар суроғаи шаҳри Хуҷанд, яке аз кучаҳои маҳаллаи  Ваҳдат, микроноҳияи 29 дастгирӣ намоянд. Он якдилона дастгирӣ карда шуд.
Дар иҷлосия аз тарафи вакилон қарорҳои Раиси шаҳр аз ҷумла “Дар бораи нишондиҳандаҳои асосии Дурнамои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Хуҷанд барои солҳои 2018-2020” муҳокима ва тасдиқ карда шуданд.
Муовини аввали Раиси вилояти Суғд Рустам Раҳматзода назди вакилони шаҳри Хуҷанд баромад намуда, таъкид карда, ки пеш аз ҳама вакилони шаҳр ҷиҳати иҷрои Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ӯҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ” фаъолнокӣ зоҳир намуда, тадбирҳои саривақтӣ ва муҳим андешанд.
Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода бо дастуру супоришҳои мушаххас ҷиҳати иҷрои супоришҳои дар боло номбаршуда ба иҷлосияи ёздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳр, даъвати панҷум ҳусни анҷом бахшид.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...