23 Сентябр 2017
Нахуст, муовини Раиси вилояти Суғд Назира Ғаффорӣ, Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода, меҳмонони дохиливу хориҷии чорабинӣ аз намоиши дастовардҳои хуҷандиён боздид намуда, баҳои баланд доданд. Муҳассилини муассисаҳои таҳсилотии шаҳр бо шавқу рағбат ва истеъдоди нотакрори хеш маҳораташонро дар сатҳи баланд ба маърази тамошо гузоштанд, ки он меҳмононро ба ваҷд овард.
Дар қисмати расмии чорабинӣ Назира Ғаффорӣ, муовини Раиси вилояти Суғд Паёми табрикотии Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодириро ба самъи ҳозирин раоснда, аз ҷумла зикр намуд, ки «Дар тӯли наздик се ҳазор соли мавҷудияташ аз сари ин шаҳри тамаддунофар чӣ қадар сахтию сардиҳои таърих гузашт. Замоне Искандари Мақдунӣ шаҳри Хуҷандро ғасб намуд ва онро Искандари ақсо унвон гузошт, дар асри 8 истилои араб, дар асри 13 муҳорибаҳои тунд бо лашкари чингизиён ва гирудори мазҳабию синфӣ ба зиндагии мардум бетаъсир набуд, вале ҳамоно мардуми ҳунарофару адабпарвари ин шаҳр ба сари баланду рӯйи сурх зиндагонӣ карда, тамаддуни барҷастаи ҷаҳониро ба оламиён эҳдо намуданд».
Сипас, Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ҳамагонро бо Рӯзи шаҳр таҳният гуфта, аз ҷумла афзуд, ки имрӯз рӯзи шаҳрест, ки онро оламиён бо муҳаббат ва эҳтироми хос Тирози ҷаҳон мехонанду ин шаҳр чун шаҳри бузургони миллат, некӯкорону некдилон, соҳибназарону соҳибдилон, ҳунармандону суханварон маъруфият пайдо кардааст ва дар радифи шаҳрҳои номдори олам вирди забони ҷаҳони муосир гардидааст. Мо, хуҷандиён, аз он ифтихорманд ҳастем, ки дар даврони Истиқлолияти давлатӣ бо сарварӣ ва раҳнамоии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шаҳри куҳан, вале ҳамешаҷавони Хуҷанд ба макони боз ҳам ободтар ва манзили муроди садҳо ҳазор инсонҳои хушбахт табдил ёфтааст. Пешвои миллат дар ифтитоҳи Боғи фарҳангӣ-фароғатии Камоли Хуҷандӣ аз ҷумла зикр кардаанд: «Шӯҳрату номи шаҳри Хуҷанд бештар тавассути фарзандони барӯманд, олимону орифон ва суханварони мумтози он густариш пайдо кардааст. Мунаҷҷим ва риёзидони маъруф Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ, табиби ҳозиқ Назириддини Хуҷандӣ, орифону суханварони мумтоз Умар ибни Ҳорун, Маҳастии Хуҷандӣ, Зиёуддини Порсӣ, Камоли Хуҷандӣ, инчунин даҳҳо донишмандону фозилоне, ки фаъолияти илмиву адабии онҳо берун аз марзи кишвар мавриди эътибору эҳтироми аҳли илму адаб қарор гирифтаанд, шӯҳрати ин шаҳри қадимаи тоҷиконро дар ақсои олам интишор додаанд».
Маъруф Муҳаммадзода зикр намуд, ки Хуҷанд дар радифи шаҳрҳои Бухорою Самарқанд аз даврони муқаддам то ба имрӯз чун маркази машҳури илму фарҳанги Осиёи Марказӣ ва олами мутамаддин ба ҳисоб меравад, бо иқлими хуш, сокинони ҳунарманду меҳмоннавоз таваҷҷӯҳи инсониятро ба худ ҷалб мекард ва имрӯз низ он ҷаззобиятро нигоҳ медорад. Имрӯзҳо, ки ҷашн дорем, ба таърихи беш аз 2500 солаи шаҳри Хуҷанд назар карда, дармеёбем, ки он бо унвонҳои «Тирози ҷаҳон», «Арӯси дунё», «Беҳҷатмаол», «Мумтози шарқу ғарб» ном баровардааст ва дар асоси сарчашмаҳои бостонӣ набераи Каюмарси Одам – Ҳушанг онро асос гузоштааст. Баъдтар дар замони шоҳи каёнӣ Кайқубод ва дар аҳди Дороб бошад, боз ҳам ободу зебо гардидааст.
Раиси шаҳр таъкид кард, ки дар асрҳои 4–3-и пеш аз милод юнонию мақдуниён баъди забти шаҳрҳои канори дарёи Яксарт (яъне Сирдарё) Хуҷандро аз нав сохта, ба он Александрия Эсхата, яъне Искандарияи Ақсо (Канорӣ) ном ниҳодаанд. Шайх Маслаҳатдини Хуҷан-дӣ аз дидгоҳи илми мардум-шиносӣ, ҳамчун яке аз шахсиятҳои машҳури таърихӣ дар эҳёи симои таъриху фарҳанги Хуҷанди бостонӣ мавқеи махсуси худро дорад. Аҷдоди ин бузургвор аз аҳли илм ва тақво будаанд ва ин омил дар тарбияву камоли маънавии Шайх бетаъсир набудааст. Далели гуфтаҳои мо ин аст, ки мардуми шаҳри Хуҷанд ва атрофу акнофи он 800 сол инҷониб эҳтироми Шайхро ҳамчун шахсияти машҳури таърихӣ ба ҷо меоранд.Муаррихону ҷуғрофидонҳо ва сайёҳони асримиёнагӣ Хуҷандро ҳамчун шаҳри саховатмандон, аҳли илму ҳунар, киштзору боғоташ ҳосилхез ёд карда, онро ба иқлими панҷум, ки аз беҳтарини иқлимҳост, мансуб донистаанд. Мувофиқи ахбори донишмандон ва таърихнависон ҳанӯз дар замонҳои қадим аз қаторкӯҳҳои атрофи Хуҷанд тилло, нуқра, мис, симоб ва навъҳои дигари фулузот истеҳсол карда мешудааст.
Раиси шаҳр Маъруф Муҳаммадзода аз замони Истиқлолият ҳарф зада, аз ҷумла афзуд, ки дар даврони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварӣ ва раҳнамоии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шаҳри Хуҷанд аз ҷиҳати иқтисодию иҷтимоӣ ва илмию фарҳангӣ хеле тараққӣ кард ва инкишоф ёфт. Имрӯзҳо шаҳри мо дар чашми муосирон гул мекунад. Бемуҳобот он ба яке аз шаҳрҳои замонавӣ табдил ёфта истодааст. Алҳол корхонаҳои бузурги истеҳсолӣ, чор Донишгоҳ, даҳҳо мактабҳо ва муассисаҳои маърифатию фарҳангӣ, Осорхонаи таърихӣ, Маркази илмии Академияи улуми Тоҷикистон, театри наврасону ҷавонон, театри мазҳака-мусиқии ба номи Хоҷа Камоли Хуҷандӣ, ширкатҳои тозабунёди ватанию хориҷӣ, масҷидҳо, Кохи Рӯдакӣ, Кохи Суғдиён, Кохи матбуот, Қасри варзиш ва даҳҳо иншооти муосир мояи ифтихори тоҷикону тоҷикистониён мебошанд. Имрӯз Маҷмааи варзишии 20-солагии Истиқлолият ба меҳвари мусобиқаҳои байналми-лалӣ табдил ёфтааст ва ҳамзамон варзишгарони тоҷик аз шаҳри Хуҷанд дар чорабиниҳои варзишии умумиҷумҳуриявӣ, осиёӣ ва ҷаҳонӣ ба комёбиҳои назаррас ноил гардида истодаанд. Бо иштироки Сарвари давлат ифтитоҳи майдони Шоҳ Исмоили Сомонӣ бо силсила фаввораҳо, Маҷмааи таърихиву фарҳангии «Қалъаи Хуҷанд», барқарор шудани хонаи Хоҷа Камол, мақбараи рамзии шоир ва ҳайкали ӯ, бунёди Маҷмааи таърихию фарҳангии «Истиқлол» аз саҳифаҳои дурахшони китоби таърихи маънавии шаҳр дар замони Истиқлолият мебошад.
Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода дар анҷоми суханронии худ ҳозиринро бо Рӯзи шаҳри Хуҷанд табрику муборакбод намуда, барояшон саодатмандиву хонаободӣ, комрониву рӯзгори ободу осуда ва файзу баракати зиндагиро таманно карда, иттилоъ дод, ки тибқи раҳнамоиҳои Президенти мамлакат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастури Раиси вилояти Суғд муҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ дар ояндаи наздик дар шаҳри Хуҷанд як қатор корҳои ободониву созандагӣ ба нақша гирифта шудааст. Аз ҷумла, таҷдиду азнавсозии Қалъаи Хуҷанд, гимназияи №1-и ба номи Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ, боғи Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ собиқ “Дӯстии халқҳо”, ба зиёратгоҳ табдил додани мақбараи Ҳазрати Бобо ва ғайраҳо мебошад, ки ба ҳусну зебогии шаҳр нуру симои нав хоҳанд бахшид.
Шоири халқии Тоҷикистон Фарзона ва муовини раиси шаҳри Оши ҷумҳурии Қирғизистон Шокир Зулимов низ хуҷандиёнро бо Рӯзи шаҳрашон таҳният гуфтанд.
Сипас, дар вазъияти тантанавӣ ба се нафар: Ғаффор Муҳиддинов, Мукаррам Бузрукова ва Сайрам Исоева унвони “Шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд” тақдим карда шуд. Ба профессор Замира Ғаффорова ва ҳунарманд Замира Юлдошева ҷоизаи ба номи Маҳастӣ тақдим гардид. Ба шоиру нависандагон, мунаққидон ва драмматургон Дадохони Эгамзод, Адибаи Хуҷандӣ, Ӯлмаси Хол ва Баҳром Мирсаидов ҷоизаи ба номи Раҳим Ҷалил дода шуд. 15 нафар занони ҳунарманд соҳиби Грантҳои Раиси шаҳр аз 3-5 ҳазор сомонӣ гардиданд. Маҳаллаи “Раззоқ” дар озмуни шаҳрии “Маҳаллаи беҳтарин” ғолиб дониста шуд ва ба ин маҳалла маблағҳои пулӣ тақдим гардид.
Сипас барномаи калони фарҳангии театрикунонидашуда ва эстрадӣ бо иштироки ситораҳои санъат табъи ҳозиринро шоду масрур намуд.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд