23 Сентябр 2017
Тавре маълум гардид, як гуруҳи калони рассомон, меъморон ва дизайнерони пойтахти мамлакат маҳсули эҷоди хешро барои сокинони маркази вилояти Суғд-шаҳри Хуҷанд ба маърази тамошо гузоштанд.
Ҷамшед Ғанизода, ректори Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон гуфт, ки ҳадафи аслии намоиши асарҳо муаррифии тозаи маҳсули эҷоди рассомон, меъморон ва дизайнерони шаҳри Душанбе буда, ба ин васила ба роҳ мондани ҳамкорӣ бо шаҳри Хуҷанд ва ҷалби муштариён ба офаридаҳои устодону шогирдон мебошад. Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода аз маҳсули эҷоди ҳунармандон истиқболи гарм намуда, зимни тавсифи тарҳи биноҳои сохтмонӣ баён дошт, ки дар он пеш аз ҳама унсурҳои миллӣ ба назар гирифта шуда, ба талаботи ҷомеаи муосир ҷавобгӯ буда, ягон камбудие аз биноҳои хуштарҳи замонавии давлатҳои мутараққӣ надоранд.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд