23 Сентябр 2017
Раиси Шӯрои уламои дини вилоят, сархатиби масҷиди Шайх Муслиҳиддин Ҳоҷӣ Ҳусайн Мӯсозода ин иқдомро амали хайрхоҳона унвон намуда, таъкид сохт, ки тибқи анъанаҳои миллии мардуми тоҷик ҷойе, ки бозору мазор аст, ҳатман чойхона бошад. Чойхонадорӣ яке аз урфу одатҳои қадимаи мо мебошад. Хушбахтона ин иқдомот ба шарофати сиёсати фарҳангофаринии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти мамлакат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эҳё ва ташаккул ёфта истодааст. Шаҳри Хуҷанд рӯз аз рӯз ободу зебо ва хурраму дилрабо гардида, аз мо шаҳрвандон тақозо менамояд, ки баҳри боло бурдани фарҳанги шаҳрдорӣ ҳиссагузорӣ намоем.
Тавре, ки Ашӯрбой Тоҳиров, раиси чойхонаи «Мӯйсафедон» иттилоъ дод, алҳол дар ин макон 9 кат гузошта шудааст, ки дар як вақт метавонанд наздик 100 нафар шаҳрвандон омада истироҳат намоянд. Дар чойхона барои мизоҷон чой, нони гарм, хӯрокҳои сабук, шириниҳо аз қабили нишолло, парварда, асал ва ғайраҳо нисбатан ба нархҳои бозор хеле арзон ва дастрас пешниҳод карда мешавад.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд