(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Суханронӣ дар ҷаласаи чоруми Панели сатҳи баланд оид ба масъалаҳои обМуҳтарам аъзои Панели сатҳи баланд,
Муҳтарам Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид,
Президенти муҳтарами Бонки ҷаҳонӣ,
Ҳозирини гиромӣ,
Пеш аз ҳама, барои ташкили ҷаласаи имруза ва даъват барои ширкат дар он изҳори миннатдорӣ менамоям.
Фаъолияти Панели мо ба раванди баланд бардоштани дарки моҳияти об барои ноил гардидан ба Ҳадафҳои рушди устувор такони хуб бахшид.
Нақшаи амали Панел барои ҳаллу фасли масъалаҳои марбут ба об мусоидат хоҳад кард.
Тоҷикистон дар пешбурди ташаббуси эълон кардани Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» барои солҳои 2018-2028 кишвари пешоҳанг дониста шуда, дар ин самт корҳои зиёдеро анҷом дод. Маҷмаи Умумии Созмони Милал 21 декабри соли гузашта қатъномаи худро вобаста ба Даҳсолаи нав бо иттифоқи оро қабул намуд.
Ҳадафи асосии Даҳсолаи мазкур боз ҳам баланд бардоштани дарки масъалаҳои об дар Рӯзномаи ҷаҳонии рушд ва мусоидат ба татбиқи Ҳадафҳои рушди устувори марбут ба об буда, барои муттаҳид сохтани талошҳои мо дар ин самт кумак хоҳад кард.
Вобаста ба ҳадаф ва вазифаҳои Даҳсола мо Консепсияи татбиқи онро бо маҷмуи чорабиниҳо дар доираи фаъолияти Панел пешниҳод карда, барои амалӣ намудани он ҷаҳд намуда истодаем.
Дар сатҳи миллӣ бошад, мо Нақшаи чорабиниҳоро оид ба татбиқи Даҳсола қабул карда, барои амалӣ намудани он Маркази махсус ва ҷиҳати назорати иҷрои он Кумитаи тадорукотро дар назди Ҳукумати кишвар таъсис медиҳем.
Дар ин робита дирӯз мо чунин як чорабиниро бо иштироки ҳайатҳои кишварҳо, Созмони Милал ва дигар ташкилотҳои байналмиллалӣ барпо намудем.
Ман итминони комил дорам, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ аз имкониятҳои Даҳсола васеъ истифода хоҳад кард ва дар ин давра шиддати мушкилоти марбут ба об ба таври назаррас коҳиш хоҳад ёфт.
Ҳозирини гиромӣ,
Тоҷикистон, ҳамчун кишвари ташаббускор тасмим гирифтааст, ки дар ҳамдастӣ бо Созмони Милали Муттаҳид ва дигар шарикон ҳар ду сол чорабиниҳои сатҳи баландро оид ба раванди татбиқи Даҳсола баргузор намояд.
Аз нигоҳи мо ин як платформаи хубест барои баррасии масъалаҳои умдаи вобаста ба об.
Аз ҷумла ташкил намудани чунин конфронс моҳи июни соли 2018 дар назар аст, ки метавонад дар баррасии Ҳадафҳои рушди устувори марбут ба об саҳми муносиб гузорад.
Барои таваҷҷуҳатон изҳори миннатдорӣ менамоям.

Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

?>

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...