23 Сентябр 2017
Аз имкони мулоқоти дуюм дар давоми соли равон изҳори қаноатмандӣ карда шуд ва таъкид гардид, ки муколамаҳои доимӣ дар оянда ба густариши робитаҳои Тоҷикистон ва Ширкати “Ҷенерал Электрик” такони ҷиддӣ хоҳанд бахшид.
Ҷонибҳо муҳимияти ҳамкориҳои манфиатборро дар соҳаи энергетика ва истифодаи самараноки захираҳои бузурги гидроэнергетикии Тоҷикистон, аз ҷумла ҷалби сармоя барои бунёди неругоҳҳои барқи обӣ, таҷдиди неругоҳҳои мавҷуда, бунёди хатҳои интиқоли неруи барқ ва таъмини таҷҳизоти муосири энергетикӣ таъкид карда, изҳори боварӣ намуданд, ки истифодаи таҷриба ва имконияти муосири Ширкати “Ҷенерал Электрик” метавонад дар пешрафти соҳаҳои номбаршуда нақши калон гузорад. Дар мулоқот доир ба дигар паҳлӯҳои манфиатбори ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Ширкати “Ҷенерал Электрик”-и Штатҳои Муттаҳидаи Америка табодули афкори судманд доир гардид.
Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд