21 Сентябр 2017
Рӯзномаи дӯстдоштаи Шумо бо дастгирии Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода, олимону адибон, рӯзноманигорони соҳибқалам аз соли нави 2018 аз лиҳози мазмуну мундариҷа бою рангин ва аз ҳама муҳимаш дар инъикоси зиндагиву фаъолияти сокинони шаҳр бештар таваҷҷӯҳ месозад. Аз ин рӯ, рӯзнома барои иртиботи доимӣ доштан бо сокинон, бо қарори Раиси шаҳр, муҳтарам Маъруф Муҳаммадзода барои соли 2018-ум маъракаи ОБУНА муташаккилона идома дорад. Обуна ба нашрия барои як соли пурра қабул мегардад ва нархаш 100 (сад) сомонӣ буда, дар нуқтаи қабули Департаменти почтаи вилоят ва идораи нашрияи «Тирози ҷаҳон» сурат мегирад.
Бо “Тирози ҷаҳон” зиндагии Шумо рангинтар ва пурмазмун хоҳад шуд.