(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

Иштирок ва суханронӣ дар мубоҳисаҳои умумии Иҷлосияи 72-юми Маҷмаи Умумии Созмони Милали МуттаҳидИмрӯз дар шаҳри Ню-Йорк Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мубоҳисаҳои умумии Иҷлосияи 72-юми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид иштирок намуда, яке аз аввалинҳо шуда суханронӣ карданд.
Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ изҳор намуданд, ки раванди босуръати ҷаҳонишавӣ дар зарфи даҳсолаҳои гузашта, ҳарчанд ки аз як тараф, ба тавсеаи робитаҳои сиёсиву иқтисодӣ миёни кишварҳо ва ҳамгироӣ байни минтақаҳои гуногуни ҷаҳон мусоидат намуд, вале, аз ҷониби дигар, барои сокинони сайёра мушкилоти зиёдеро ба бор овард.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуданд, ки Созмони Милали Муттаҳид – ба сифати як ниҳоди бонуфуз ва фарогири ҷаҳонӣ – бояд минбаъд низ вазифаи худро дар мавриди ҳамоҳангсозии талошҳои пайвастаи давлатҳои аъзо ҷиҳати муқовимати фаъол ба хатару таҳдидҳои муосир ва ба таври самарабахш иҷро намояд. Сарвари давлат аз рӯйдоду воқеаҳои даҳшатноку фоҷиаборе, ки дар гӯшаҳои гуногуни ҷаҳон идома доранд изҳори нигарони намуда, қайд карданд, ки тавсеаи миқёси терроризм ва ифротгароӣ, ҷангу низоъҳои мусаллаҳонаи мазҳабӣ, ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ба амнияти кишварҳои мо хатари ҷиддӣ эҷод карда истодаанд.
Пешвои миллат бори дигар таъкид намуданд, ки амалҳои ваҳшиёнаи ин неруҳо бо дини мубини ислом ҳеҷ гуна робитае надоранд. Онҳо, баръакс, мухолифи таълимоти ахлоқӣ ва арзишҳои таҳаммулгарову инсондӯстонаи ислом мебошанд ва мубориза алайҳи таҳдидҳои зикршуда аз ҷониби ҳамаи давлатҳои аъзои Созмон андешидани чораҳои қотеъонаи муштарак дар доираи ҳуқуқи байналмилалӣ ва худдорӣ намуданро аз истифодаи меъёрҳои дугона тақозо менамояд.
Эмомалӣ Раҳмон нақши марказӣ ва ҳамоҳангкунандаи Созмони Милали Муттаҳидро дар раванди таҳия ва амалӣ сохтани тадбирҳои саривақтӣ ҷиҳати ҳалли муноқишаҳо дар гӯшаҳои доғи ҷаҳон баланд арзёбӣ намуда, таъкид карданд, ки комёбӣ дар амалҳои муштарак ҷиҳати пешгирӣ ва ҳалли низоъҳо, ҷустуҷӯйи роҳҳои сулҳомези рафъи буҳрону ихтилофҳо, пеш аз ҳама, бо истифодаи самараноки дипломатияи боздоранда ва фаъолияти миёнаравӣ   вобастагӣ дорад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин аз вазъи низомиву сиёсӣ ва иҷтимоиву иқтисодии  Афғонистони ҳамҷавор изҳори нигаронии ҷиддӣ карда иброз намуданд, ки имрӯз комилан возеҳ аст, ки сулҳу суботи пойдор дар Афғонистон омили калидии таъмини суботу амният дар ҳавзаи Осиёи Марказию Ҷанубӣ ва дигар минтақаҳои ҳамсоя аст.
Бинобар ин, Сарвари давлат ҳамоҳангсозии минбаъдаи талошҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ ва андешидани тадбирҳои муассирро ҷиҳати ҳаллу фасли фарогири қазияи Афғонистон хеле муҳим арзёбӣ намуда омили муҳим дар ин ҷода, аз ҷумла, ҷалби Афғонистон ба раванди ҳамгироии минтақавӣ тавассути тақвияти муносибатҳои иқтисодӣ ва тиҷоратӣ бо он номида шуд.
Сарвари давлат ёдовар шуданд, ки қабули Рӯзномаи ҷаҳонии рушд то соли 2030 иқдоми наҷибонаи ҷомеаи байналмилалӣ ба хотири рушди устувори кишварҳои аъзо ва фарогирии тамоми қишрҳои ҷомеа бо ин раванд маҳсуб меёбад. Ҳукумати кишвар дар ҳамкорӣ бо ниҳодҳои дахлдори Созмони Милал, аз ҷумла дафтари  Барномаи рушди он дар Тоҷикистон, Стратегияи миллии рушд то соли 2030 ва Барномаи миёнамуҳлати рушдро то соли 2020 таҳия ва қабул намуд.
Вобаста ба ин Пешвои миллат пешниҳод намуданд, ки дар раванди татбиқи шоистаи Рӯзномаи ҷаҳонии рушд – 2030 мусоидат ба кишварҳои зарфияту имкониятҳояшон маҳдуд, хусусан дар бахши маблағгузорӣ ва таҳвили фановариҳои муосир, хеле зарур мебошад. Дар ин маврид ниҳоду сохторҳои марбутаи  Созмони Милали Муттаҳид, аз ҷумла Шӯрои иқтисодӣ ва иҷтимоии он,  метавонанд нақши муҳим дошта бошанд.
Эмомалӣ Раҳмон хотиррасон намуданд, ки расо ду сол пеш мо  Созишномаи Париж оид ба иқлимро қабул намудем, ки ҳадафу мақсадҳояш фарогир буда, роҳҳои асосии талошҳои ҷомеаи ҷаҳониро ҷиҳати  мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва гузариш ба иқтисодиёти камкарбон муайян месозад. Мутаассифона, бино бар тағйирёбии иқлим шумораи офатҳои табиӣ дар даҳҳо кишварҳои олам рӯ ба афзоиш ниҳодааст ва на ҳамаи онҳо қодиранд чораҳои заруриро ҷиҳати ҳифз аз онҳо андешанд.
Бинобар ин Сарвари давлат пешниҳод намуданд, ки механизмҳои кумакҳои ҳамаҷониба ба кишварҳои осебдида пурзӯр карда шуда, ба ин мақсад бунёдҳои байналмилаливу минтақавӣ таъсис дода шаванд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон афзуданд, ки раванди тағйирёбии иқлим боиси обшавии босуръати пиряхҳо гардида, ба ҳаҷми оби дарёҳо ва, ба ин васила, ба бахшҳои асосии иқтисоди миллӣ, аз қабили гидроэнергетика, кишоварзӣ ва саноат, таъсири манфӣ мерасонад. Тайи 30 соли охир аз 13 ҳазор пирях дар қаламрави Тоҷикистон зиёда аз ҳазор адади он пурра нобуд шудааст. Яъне идомаи эҳтимолии  раванди обшавии босуръати пиряхҳо метавонад ба ташаккули захираҳои оби минтақа таъсири манфӣ расонад.
Аз ин рӯ, Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуданд, ки бояд аз гуфтугӯ ба амал гузарем ва дар пиёдасозии ҳадафҳои Созишномаи Париж саҳм гузорем.
Ба андешаи Пешвои миллат, дар марҳалаи кунунӣ яке аз роҳҳои ноилшавӣ ба ҳадафҳои Созишномаи Париж ин тавсеаи иқтисоди “сабз” ва истифодаи босамар аз захираҳои энергияи таҷдидшаванда ба ҳисоб меравад.
Дар ин радиф Тоҷикистон ҷонибдории худро аз ташаббусҳои ҷаҳонии “Энергияи устувор барои ҳама” ва Даҳсолаи байналмилалии “Энергияи устувор барои давраи то соли 2024” таъкид намуд.
Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки Тоҷикистон ширкати фаъолонаи худро дар иҷрои Рӯзномаи Созмони Милал марбут ба об идома хоҳад дод ва изҳори хушнудӣ карданд, ки моҳи декабри соли гузашта Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид бо иттифоқи оро қатъномаро дар бораи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” қабул намуд.
Сарвари давлат изҳори умедворӣ намуданд, ки татбиқи амалҳои Даҳсолаи нав дар сатҳҳои миллӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ барои расидан ба ҳадафи рушди устувори марбут ба захираҳои об ва ҳифзи ин неъмати бебаҳо барои наслҳои оянда мусоидат хоҳад кард.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки ҷиҳати анҷом додани баррасиву муҳокимаи пешниҳодот ва тасдиқи нақшаи амали Даҳсола ният дорем, ки 22-юми марти соли 2018 – дар Рӯзи ҷаҳонии об – дар шаҳри Ню-Йорк ҳамоиши ифтитоҳии “Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”, солҳои 2018-2028” ва моҳи июни соли 2018 дар шаҳри Душанбе Конфронси байналмилалии сатҳи баландро баргузор намоем.
Пешвои миллат изҳори умедворӣ карданд, ки кишварҳои аъзои Созмони Милали Муттаҳид, созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ, ниҳодҳои байналмилалии молиявӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, аҳли илму адаб, ҷавонон ва занон  ба хотири таъмини ҳаёти шоистаи мардуми сайёра ва наслҳои оянда дар раванди татбиқи Даҳсолаи нав фаъолона ширкат хоҳанд кард.

Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд

Председатель города

Заместители Председателя

Джамшед Набизода Джамшед Набизода Джамшед Набизода. Родился 9 мая 1981 года в городе Худжанде. По национальности таджик. В 2003 году окончил Таджикский университет права, биз...
Хомидзода А.А. Хомидзода А.А. Руководитель аппарата председателя города Хомидзода Абдувахоб Абдумаджид родился 8 июня 1978 года в городе Худжанде. По национальности...
Сангинова М. А. Сангинова М. А. Сангинова Муяссар Абдукахоровна родилась 15 октября 1979 года в городе Худжанде. По национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 200...
Бахтиёр Бокизода Бахтиёр Бокизода Заместитель председателя городаБахтиёр Боқизода родился 28 июля 1983 года в городе Худжанде, имеет четыре высших образования: юридическ...
Гайбуллозода Х. Гайбуллозода Х. Первый заместитель председателя города ХуджандГайбуллозода Хайрулло назначен на данную должность по постановлению Председателя  города ...

Руководители структур

Джураева К. Я. Джураева К. Я. Джураева Кибриё Яхяевна. Родилась 9 сентября 1966 года в Б.Гафуровском районе, по национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 1997 ...
Миробидова М. М. Миробидова М. М. Миробидова Муаттар Мирмухамедовна. Родилась 24 июня 1966 года в городе Худжанде, таджичка, образование высшее. В 1990 году окончила Таджикск...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим родился 1 августа 1968 года в городе Худжанде, по национальности таджик, имеет высшее образование. В 1994 году окончил ...
Бободжонзаде А. Бободжонзаде А. Бободжонзаде Абдусалом родился 27 декабря 1966 года в районе Б.Гафуров. По национальности таджик, имеет высшее образование, в 1992 году...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Недоступен ни однин перевод.Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов родился 23 октября 1986 года в городе Худжанде в семье служащего. В 1994 году пошел в среднюю школу №18 города Худжанда, ...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Недоступен ни однин перевод.Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, ма...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Недоступен ни однин перевод.Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Недоступен ни однин перевод.Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ...
Каримов А. А. Каримов А. А. Недоступен ни однин перевод.Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумота...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Недоступен ни однин перевод.Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Недоступен ни однин перевод.Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии ти...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Недоступен ни однин перевод.Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ меб...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Недоступен ни однин перевод.Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ т...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Недоступен ни однин перевод.Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ...