18 Сентябр 2017
Ҳашарчиён дар хоҷагии ба номи Саидхоҷа Ӯрунхоҷаеви минтақаи Варашилобод ба чиниши пахта машғул шуда, саҳми назарраси худро дар ғанӣ гардонидани хирмани тиллои сафеди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров гузоштанд.
Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ин иқдоми некро барои кӯмаки амалӣ расонидан ба деҳқонони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров хуб арзёбӣ намуда, зикр кард, ки бо истифода аз ҳавои мусоид мо бояд барои бенуқсон чидани ҳар як пағаи пахта саҳмгузорӣ намоем. Зеро пахта ҳамчун ашёи хоми саноатии корхонаҳои шаҳр барои пешбурди соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ бисёр муҳим буда, ҳамзамон ҷалби ашхоси бекор барои чиниши он як навъи ҷойи кори мавсимӣ низ шуда метавонад.
Бояд қайд намуд, ки алҳол ба ҳар як килои пахта 60 дирам маблағ дода мешавад. Раиси ҷамъияти саҳҳомии ба номи Саидхоҷа Урӯнхоҷаев Абдуваҳҳоб Муродов аз ин иқдоми роҳбарияти шаҳри Хуҷанд истиқболи гарм намуда, афзуд, ки мо ба кӯмаки ҳашарчиён ниёзи бештар дорем. Кормандони сохторҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд моро хушнуд намуданд ва дар як рӯзи ҳашар бо ёрдами эшон беш аз 4 тонна пахта ҷамъоварӣ карда шуд.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд