2184
(0 овоз, миёна 0 аз 5)
12 Сентябр 2017
Шоми дирӯз дар Кохи устод Абӯабдуллоҳ Рӯдакии шаҳри Хуҷанд намоиши нахустини филми «Тангно» аз рӯйи асари Сорбон ва маҳсули эҷоди «Суғдсинамо" намоиш дода шуд. Филм ба 10 солагии қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» бахшида шуда, дар бораи азобу ранҷи қаҳрамони асосии он - Ормон барои расидан ба мақсаду маром ва ниҳоят баргузор намудани маъракаи хатнасуриаш нақл мекунад. Образи Ормон хеле равшан, табиӣ, рузмарра буда, ифодагари ормонҳои 1000 -ҳо нафар наврасони тоҷик буда, ғояи асар бо баромади Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоташон бахшида 10 солагии қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» иттифоқ афтода, онро равшан мунъакис намудааст.
Зеро маҳз серхарҷии тӯю маъракаҳои мардуми мо буд, ки 1000-ҳо нафар падарони Ормонҳо барои гузаронидани хатнасур ба Русия рафтанд. Ормон ҳамчун навраси меҳнатдуст, якрав, боғурур, ақлаш пешрафта, камолрасида, дилсуз буда, беҳтарин идеал барои миллионҳо кудакону наврасон шуда метавонад. Образи Даллол низ манфӣ ва дар охир чун қонуни адабиёт тарбияёфта ва пушаймоншуда аз кирдори манфури худ таҷассум ёфтааст, ки хеле муассир аст.
Бояд зикр намуд, ки дар намоиши нахустини филм Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ва Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода иштирок намуданд. Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ аз филми навбатии ҳайати эҷодии «Суғдсинамо» тавсиф намуда, дастур дод, ки барои амалишавии ғояҳои нави ватандӯстона, меҳнатқаринӣ, ободии Ватан, шараф, номус филмҳои тоза наворгирӣ карда шавад. Роҳбари вилоят гуфт, ки қадамҳои аввалини «Суғдсинамо» устувор буда, мутмаъинем, ки дар ояндаи наздик бо дастгирии доимӣ филмҳои нави тамошоб таҳия ва пешкаш карда мешавад.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд
Шарҳ додан