02 Сентябрь 2017
Санаи 1-уми сентябр дар саросари кишвари азизамон Тоҷикистон дар фазои шукӯҳу идона, бо як ҷаҳон фараҳу шодӣ ва эҳсоси ифтихор аз фарорасии бузургтарин ҷашни таърихи нави давлатдориамон, яъне 26-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли нави таҳсили 2017-2018 оғоз ёфт. Баробари дигар муассисахои таълимӣ дар гимназияи № 4-и маркази вилоят ботантана Рузи дониш таҷлил карда шуд.
Дар чорабинии мутантани ин таълимгоҳ Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ва намояндаи макомоти ичроияи хокимияти давлатии вилояти Суғд Рустамзода Сӯҳроб иштирок намуданд.
Баъди шунидани табрикот ва ҷамъбасти чорабинӣ меҳмонон ва хонандагон дар толори муассиса бори дигар суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Презденти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи дониш ва маросими кушодашавии Донишгоҳи Вазорати корҳои дохилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон - ро тамошо карданд.