30 Август 2017
Устодону омӯзгорони муҳтарам!
Хонандагони азиз!
Ҳар соли нави таҳсил ба хонадони халқи мо давлату баракат ва шодмониву саодат меоварад, зеро боз мактабҳо, донишгоҳу донишкадаҳо дарҳои худро ба рӯи толибилмон боз мекунанду омӯзгорон ва устодон фарзандони моро ба канори муҳаббати худ мегиранд, то насли ояндасози кишварро тарбият кунанд. Бешубҳа, чунин рӯз барои ҳамагон муборак аст. Аз ин лиҳоз, ҳамаи Шуморо ба муносибати Рӯзи дониш самимона табрик намуда, ба хонандагон дар фатҳи қуллаҳои баланди дониш сарбаландиву кушоиш ва ба устодону омӯзгорон дар таълиму тарбияи насли наврас дастоварду комёбиҳо таманно мекунам.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди илму фарҳанг ва маънавиёти ҷомеа, махсусан ба таълиму тарбияи насли наврас ва ҷавон эътибори аввалиндараҷа дода, барои пешрафти мактабу маориф ва тайёр намудани мутахассисони соҳиби донишу малакаи баланди касбӣ ҳамаҷониба мусоидат менамояд.
Таҷрибаи таърихӣ шаҳодат медиҳад, ки афроди босаводу донишманд барои ҳар давлату миллат сарвати бебаҳо ва нерӯи тавонои зеҳнӣ ба шумор мераванд, бинобар ин дар асоси таҷрибаи таърихиву арзишҳои фарҳангии миллӣ тарбия намудани насли наврас ва омода намудани мутахассисони соҳибкасб аз вазифаҳои муҳими соҳаи маориф ба шумор меравад. Барои расидан ба ин ҳадаф ба Шумо омӯзгорон пирӯзиву комёбиҳо орзу дорем.
Хонандагони азиз!
Ояндаи кишвар ва тақдири давлату миллат дар дасти Шумост. “Ҳама гуна кор ва умуман пешрафт ба роҳнамои босаводу соҳибмаърифат ниёз дорад,–таъкид кардаанд Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон.–Аз ин рӯ, нақши зиёӣ дар тамоми давраҳо ва хусусан дар замони истиқлол хеле бузург мебошад. Зиёӣ, ки шахси таҳсилдидаву равшанфикр аст, нуру рӯшноии ҷомеа маҳсуб мешавад ва бояд аҳли ҷомеаро ба сӯи созандагӣ ва бунёдкорӣ ҳидоят созад, ҳамеша дар фикри пешрафту такомули илму фарҳанг, рушди забон ва ҳифзи тозагии он ва гузашта аз ин, дар андешаи таҳкими суботу оромии ҷомеа, ваҳдати миллӣ ва дифоъ аз манфиатҳои миллат ва давлат бошад”.
Шумо, ки соҳиби илм мешавед, бояд чунин дастурҳои Сарвари давлатро ҳамеша дар мадди назар дошта, таҳсил кунед ва ба сӯи оянда равон гардед...
Ҳамчун анъана Рӯзи дониш бо дарси сулҳ оѓоз мегардад, зеро ин ду мафҳум, дониш ва сулҳ мафҳумҳое мебошанд, ки бо ҳамдигар пайванди ногусастанӣ доранд. Умедворем, ки Шумо - омӯзгорону устодони муҳтарам рисолати хешро минбаъд низ аз сидқи дил ба ҷо оварда, дар иҷрои дастуру супоришҳои Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси вилоят муҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ дар таълиму тарбияи насли соҳибмаърифат, ватандӯсту ватанпараст саҳми муносиб мегузоред. Дар ин ҷода ба ҳар яки Шумо муваффақият ва барору комёбиҳо таманно дорам.
Иди дониш фархунда бод, омӯзгорону толибилмони азиз!
Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммазода