30 Август 2017
Имрӯз дар тамоми ташкилоту муассисаҳои шаҳри Хуҷанд, ҷомеаҳои меҳнатӣ, кормандони ташкилоту муассисаҳои гуногун, омӯзгорону муҳассилини таълимгоҳхои маркази вилоят, зиёиён, тамошои якҷояи суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи дониш ва ифтитоҳи бинои нави Академияи Вазорати корҳои дохилӣ сурат гирифт.
Дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд низ бо ширкати муовинон, роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳр, мудирони шӯъба, роҳбарони воҳидҳои сохторӣ ва дигар кормандони мақомот суханронии навбатии Пешвои миллатро тамошо намуданд.