(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

Ҳамшаҳриёни азиз!
Иди саиди Қурбон яке аз маросимҳои мубораки дини мубини ислом ва аз ҷумлаи суннатҳои бисёр писандидаи мардуми мусулмон мебошад. Ба ин муносибат ҳамаи Шумо ҳамшаҳриёни азизро самимона табрику таҳният мегӯям.
Мӯъминон дар ин рӯзи шариф ба даргоҳи Худои таоло бо садоқату фидокорӣ ва ибодату парҳезгорӣ барои покизагӣ ва назофати ҷисму рӯҳ муноҷот менамоянд, зеро моҳияти аслии иди Қурбон ин «наздикӣ ҷустан ба Зоти беҳамто ва якто» мебошад. Ин амр имкон медиҳад, ки инсон зоҳиру ботини худро покиза гардонад ва барои иҷрои фармудаҳои Худованди муттаол аз қабили омӯхтани илму дониш, эҳсону саховатмандӣ, некиву накӯкорӣ, ростиву адолат, раҳму шафқат, тарғиби ахлоқи ҳамида ва дигар корҳои хайру савоб кӯшишу талош намояд. Ба шарофати Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон арзишҳои динӣ ҳамчун ҷузъи таркибии фарҳанги исломӣ дар зиндагии халқи мо дар баробари арзишҳои олии миллӣ ва инсонӣ мақому манзалати баланд касб намуданд ва онҳо имрӯз ҳаёти ҷомеаро аз бисёр ҷиҳат танзим мекунанд.
Адои фаризаҳои динӣ ва расму одоби мазҳабӣ бояд танҳо дар доираи қонунҳои амалкунанда дар қаламрави мамлакат ва суннатҳои гузаштагон амон сурат гирифта, ба рушди ҷомеа ва пешрафти зеҳнии мардум мусоидат намояд.
Маҳз сиёсати хирадмандона ва ғамхоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки имрӯзҳо тамоми мусулмонони кишвар, новобаста аз мансубияти миллӣ, озодона тамоми фаризаҳои диниро адо карда истодаанд ва аз чунин эътибор қаноатманду миннатпазир ҳастанд. Бо ташаббус ва дастури Раиси вилояти Суғд мухтарам Абдураҳмон Қодирӣ хамасола дар остонаи иди Қурбон шахсиятҳои хизматкарда, оилаҳои камбизоату ятимон аёдат карда мешаванд, ки ин амал низ аз рукнҳои инсондустӣ ба шумор меравад.
Бояд зикр кард, ки гурӯҳи зоирини мо имсол низ ҳамроҳи дигар зоирини шаҳру навоҳии кишвар барои адои фарзи ҳаҷ ба Маккаи мукаррама ва Мадинаи мунаввара сафар карданд. Итминони комил дорам, ки онҳо баъди адои маросими ҳаҷҷи акбар бо дилу нияти  пок ба Ватан баргашта, дар корҳои ободониву бунёдкорӣ, инчунин тарғиби одобу ахлоқи ҳамида ва рафтору кирдори шоиста, махсусан дар байни ҷавонон нақши арзанда мегузоранд.
Бори дигар, ҳамаи шуморо бо иди Қурбон сидқан табрик намуда, ба хонадони ҳар кадоматон ободиву осудагӣ, саодату сарбаландӣ ва файзу баракатро орзумандам.
Идатон муборак бошад, ҳамватанони азиз!

Раиси шаҳри Хуҷанд                                                Маъруф Муҳаммадзода

Председатель города

Заместители Председателя

Джамшед Набизода Джамшед Набизода Джамшед Набизода. Родился 9 мая 1981 года в городе Худжанде. По национальности таджик. В 2003 году окончил Таджикский университет права, биз...
Хомидзода А.А. Хомидзода А.А. Руководитель аппарата председателя города Хомидзода Абдувахоб Абдумаджид родился 8 июня 1978 года в городе Худжанде. По национальности...
Сангинова М. А. Сангинова М. А. Сангинова Муяссар Абдукахоровна родилась 15 октября 1979 года в городе Худжанде. По национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 200...
Бахтиёр Бокизода Бахтиёр Бокизода Заместитель председателя городаБахтиёр Боқизода родился 28 июля 1983 года в городе Худжанде, имеет четыре высших образования: юридическ...
Гайбуллозода Х. Гайбуллозода Х. Первый заместитель председателя города ХуджандГайбуллозода Хайрулло назначен на данную должность по постановлению Председателя  города ...

Руководители структур

Джураева К. Я. Джураева К. Я. Джураева Кибриё Яхяевна. Родилась 9 сентября 1966 года в Б.Гафуровском районе, по национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 1997 ...
Миробидова М. М. Миробидова М. М. Миробидова Муаттар Мирмухамедовна. Родилась 24 июня 1966 года в городе Худжанде, таджичка, образование высшее. В 1990 году окончила Таджикск...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим родился 1 августа 1968 года в городе Худжанде, по национальности таджик, имеет высшее образование. В 1994 году окончил ...
Бободжонзаде А. Бободжонзаде А. Бободжонзаде Абдусалом родился 27 декабря 1966 года в районе Б.Гафуров. По национальности таджик, имеет высшее образование, в 1992 году...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Недоступен ни однин перевод.Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов родился 23 октября 1986 года в городе Худжанде в семье служащего. В 1994 году пошел в среднюю школу №18 города Худжанда, ...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Недоступен ни однин перевод.Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, ма...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Недоступен ни однин перевод.Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Недоступен ни однин перевод.Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ...
Каримов А. А. Каримов А. А. Недоступен ни однин перевод.Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумота...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Недоступен ни однин перевод.Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Недоступен ни однин перевод.Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии ти...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Недоступен ни однин перевод.Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ меб...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Недоступен ни однин перевод.Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ т...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Недоступен ни однин перевод.Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ...