29 Август 2017
Дар театри мусиқиву мазҳакавии ба номи Камоли Хуҷандӣ машварати августии аҳли маорифи шаҳри Хуҷанд бо ширкати Раиси шаҳр Маъруф Муҳаммадзода баргузор гардид.
Мудири шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд Илҳом Султонӣ дар мавзӯи «Муносибат ба таълими салоҳиятнокӣ: моҳият, дастовард ва мушкилиҳо» маърӯза карда, оид ба моҳияти ҷорӣ намудани низоми нави таълими салоҳиятнокӣ дар муассисаҳои таълимӣ фикру мулоҳизаҳои хешро баён намуд.
Сардори раёсати маорифи вилояти Суғд Осим Каримзода зимни табрикоти хеш ба муносибати машварати августии омӯзгорон ва оғози соли нави таҳсил оид ба бурду бохт ва дастоварду комёбиҳои аҳли маорифи шаҳр андешаронӣ карда, бо вазифагузориҳои мушаххас омӯзгоронро барои иҷрои рисолати касбиашон ҳидоят намуд.
Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода низ аҳли маорифи шаҳрро бахшида ба ҷашнҳои фархундаи миллӣ табрик гуфта, перомуни дастоварду комёбиҳо ва камбудиву норасоиҳои соҳа фикру мулоҳизаҳои хешро баён дошт. Мавсуф зикр кард, ки имсол дар шаҳри Хуҷанд як муассисаи нави таълимӣ – Мактаб барои хонандагони болаёқат ба истифода дода мешавад. Барои сохтмони мактабу кудакистонҳои нав тибқи қарори Раиси шаҳр ба даҳ нафар соҳибкорон қитъаи замин ҷудо карда шуда, сохтмони мактаби хусусии ба номи Пулотов ва толори варзишӣ дар гимназияи ба номи Гёте идома дорад.
Сипас дар вазъияти тантанавӣ ба собиқадорон, омӯзгорони фаъолу эҷодкор ифтихорномаву сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд. Бо барномаи рангини адабӣ аҳли ҳунари вилояти Суғд хотири иштирокчиёни машварати августии омӯзгоронро болида гардонданд.