(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Омодагӣ ба хизмати ҳарбӣАсосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷавонон эътиқоди калон доранду доимо дастгири ҷавононанд. Аз ин лиҳоз, соли 2017-ро Соли ҷавонон эълон карда, дар Паёми худ қайд намуданд, ки ҷавонони мамлакат Ватани худро дӯст доранду барои ҳимояи он ҳама вақт омода бошанд, ҳамчун ояндасози миллат ба қадри сулҳу субот, осудагиву ваҳдат ва истиқлолият расида, шукронаи  давлати соҳибистиқлолро ба ҷо оваранд.
Хизмат ба Ватан қарзи шаҳрвандии ҳар фарди Тоҷикистон маҳсуб ёфта, ҳифзи марзу бум барои ҷавонон вазифаи муқаддас аст. Бинобар ин, бояд ҷавонон ин муқаддасотро мисли гавҳараки чашм нигоҳ доранду барои ҳифзаш ҳамеша омода бошанд.
Соле ду маротиба маъракаи даъвати ҷавонписарони синни даъватӣ ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ доир мегардад. Бинобар ин, то оғози давраи даъват корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ гузаронида мешаванд. Омодагӣ ба хизмати ҳарбӣ

Мақсади кормандони Мактаби муттаҳидаи техникии Ташкилоти мададгори мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд дар доираи иҷрои рисолати худ талош меварзанд, ки дар ниҳоди ҷавонон арзишҳои олии ватандорӣ ва ҳифзи содиқонаи марзу буми кишварро ҷой диҳанд.
- Мутобиқи нақшаи тасдиқгардидаи чорабиниҳои ММ ТҶММ-и шаҳри Хуҷанд бо мақсади баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, ҳувияти миллӣ ифтихор аз давлати соҳибистиқлол ва тақвият бахшидани тарбияи ватанпарастии ҷавонони синни даъватӣ аз тарафи комиссариатҳои ҳарбӣ вобаста карда шудаанд. Барои омода намудани ҷавонон барои хизмат ба Ватан-Модар дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар ва дигар сохторҳои қудратии мамлакат тайёр ҳастем, -гуфт зимни сӯҳбат муовини сардор оид ба корҳои таълиму тарбияи Мактаби муттаҳидаи техникии шаҳри Хуҷанд Садриддин Каримов.
Мактаби муттаҳидаи Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи шаҳри Хуҷанд низ ҷавонони синни даъватиро тарбия ва соҳибкасб намуда, ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар ва ҳифзи Ватан сафарбар менамояд.
Мактаб дорои якчанд синфхона мебошад. Аз ҷумла, синф оид ба сохт ва истифодабарии автомобил,  оид ба қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ва асосҳои ҳаракати бехатарӣ, синфҳои машқи ронандагӣ, тир, дифои ҳарбӣ, синфхонаи амалӣ -лабораторӣ оид ба хизматрасонии техникаи автомобилӣ, синф оид ба хизматрасонии техникаи автомобилӣ ва китобхона бо лавозимоти техникӣ ҷиҳозонида шудааст.
Устодони дорои таҷрибаи корӣ, соҳиби маълумоти олӣ фаъолият доранд, аз ҷумла 8 нафар муаллимон дарсҳои назариявӣ ва 10 нафар муаллим машғулиятҳои амалӣ мегузаронанд.
Дар давоми сол мактаби муттаҳидаи техникии шаҳри Хуҷанд аз комиссариатҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят дар се ҷараён 210 нафар мутахассиси дараҷаи «С»-ро тайёр мекунад. Аз ин миқдор аз шаҳри Хуҷанд дар як сол 27 нафар касбҷӯ таҳсил менамояд. Дар ҷараёни якум - моҳи октябр 90 нафар, дар ҷараёни дуюм - моҳи январ 90 нафар ва дар ҷараёни сеюм 30 нафар таҳсил хоҳанд кард.
Ҷавононе, ки дар ҷараёни якум таҳсил доранд, барои гирифтани ҳуҷҷати ронандагии дараҷаи «С» мехонанд. Онҳое, ки дар моҳи январ таҳсил мекунанд, дар баробари соҳиби дараҷаи «С» шудан, инчунин мутахассиси ронанда-алоқачӣ мешаванд, -гуфт Fуфрон Воҳидов-муовини сардори мактаби муттаҳидаи техникии шаҳри Хуҷанд.
Дар мактаби муттаҳидаи техникии шаҳри Хуҷанд дар баробари тайёр кардани мутахассисону касбомӯзон, инчунин бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо, якҷоя бо Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд мусобиқаҳои картингронӣ, тирпаронӣ, дисантчии ҷавон, «авиамедеализм»  низ мегузаронанд.

Дилрабо КАРИМЗОДА,
«Тирози ҷаҳон»

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

?>

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...