(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Аёдати сарбозон аз ҷониби волидайн ва масъулини шаҳрБаҳри иҷроиши дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд сарбозони ҷузъу томҳои қисмҳои ҳарбии кишвар, фиристодагони шаҳри Хуҷандро соле як-ду маротиба аёдат менамоянд, ки он ба ҳукми анъана даромадааст.
Санаи 11-и август гуруҳи корӣ ва волидайни сарбозон бо супориш ва дастгирии бевоситаи Раиси шаҳри Хуҷанд муҳтарам Маъруф Муҳаммадзода ба қисмҳои ҳарбии шаҳрҳои Душанбе, Ваҳдат, Ҳисор, Қурғонтеппа, навоҳии Абдураҳмони Ҷомӣ, Бохтар, Ҳамадонӣ, Панҷ, мавзеъи Тавилдара сафар намуда, аз ҳолу аҳвол, сатҳи хизмат ва шароити зисти сарбозони ватан хабар гирифтанд.

Аёдати сарбозон аз ҷониби волидайн ва масъулини шаҳр

Нахуст, волидайни аскаронро афсари Раёсати корҳои сиёсӣ-тарбиявии Шуъбаи кор бо ҷавонон ва собиқадорони Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, подполковник Илҳом Саидович Мавлонов истиқбол намуд ва мухтасар аз боби хизмати сарбозон ҳарф зад. Баъдан, гуруҳи аёдатӣ ба қисми ҳарбии 02615-и коммендатураи Гарнизони ҳарбии шаҳри Душанбе ворид гардид. Ононро муовини командир, подполковник Бошиев Мустафо Миралиевич ва гуруҳи карнайнавозон пешвоз гирифтанд. Намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияди давлатии шаҳри Хуҷанд, мудири бахши бойгонӣ Ҷӯраева Кибриё салому паёми гарму ҷӯшони Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзодаро ба сарбозон ва кули ҳозирин расонида, барояшон адои хизмати сарбаландонаро таманно намуд.
Раҳимова Савринисо модари сарбози қаторӣ Ҷамшед Раҳимов, ки чормоҳ қабл ихтиёран ба хизмати ҳарбӣ ворид шуд, аз дидори фарзандаш шодмонӣ карда, аз ҷойи зист, шароити хизмату истироҳати фарзанду ҳамхизматонаш бохабар гардид.
Сарбоз Абдумуталлиб Рауфов сокини маҳаллаи Пахтакор барои ташкили чунин як вохӯрии гарму самимӣ ба Раиси шаҳр Маъруф Муҳаммадзода изҳори сипос намуд.
Аёдати сарбозон аз ҷониби волидайн ва масъулини шаҳрПас аз мулоқоту вохӯриҳои волидайну фарзандон дар саҳни ҳавлии ин қисми ҳарбӣ ҳунармандони Хонаи маданияти №1 бо сарварии Аълочии фарҳанги ҷумҳурӣ Азимҷон Аҳроров барномаи консертӣ намоиш дода шуд, ки ҷавонони хизматчӣ ва волидайн басо шодмонӣ намуданд.
Идомаи сафари гуруҳи корӣ ва волидайн дар қисми ҳарбии 5453-и Қӯшунҳои дохилии ВКД дар шаҳри Душанбе сурат гирифт. Командири қисми ҳарбӣ Музаффар Ҷабборзода ташрифи волидайнро ба қисми ҳарбӣ хайрамақдам намуда, азр дошт, ки хизмат дар ҷузъу томҳои миллӣ мактаби ҷасорату мардонагӣ барои ҳар сарбоз аст. Инҷо ҷавонон ба қадри ватану модар бештар мерасидагӣ мешаванд… Бо фармони сардори Ситоди қисми ҳарбӣ подполковник Садриддин Султонов, сарбозон бо тартибу низоми ҳарбӣ аз назди минбаре, ки гуруҳи корӣ ва волидайни онон саф кашида буданд, гузар намуда, бо ин амал меҳмононро хайрамақдам намуданд.
Гуруҳи корӣ ва волидайн, ки фарзандонашон дар қисмҳои ҳарбии 0123-и Маркази таълимии Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ, дар ноҳияи Рӯдакӣ, қисми ҳарбии 051054 – Горди миллӣ, қисми ҳарбии 01055- Горди миллӣ, қисми ҳарбии 07033 ВМҶТ дар шаҳри Ҳисор, қисми ҳарбии 3502-и ҚДВКД ҶТ воқеъ дар деҳаи Қулпистаи назди насоси обкашии шаҳри Душанбе, қисми ҳарбии 07017, қисми ҳарбии 87740-и ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, қисми ҳарбии 0104 Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ дар шаҳри Турсунзода, қисми ҳарбии 0306-и Қӯшунҳои хушкигарди вилоятиХатон, қисми ҳарбии 0307-и ноҳияи Ҳамадонӣ, қисми ҳарбии 02011 «В»-и ноҳияи Тавилдара қарзи фарзандии хешро дар назди Модар-Ватана адо карда истодаанд, аёдат намуданд.
Падарону модарон Муҳаббат Мансурова, Орифа Ҳомидова, Сабоат Ҳусейнова, Бобоҷонов, Қодиров, Сафаргул Бобоева, Умрӣ Қурбонова, Сабоат Расулова, Дилбар Хоҷаева, Манзура Султонова, Мавзуна Ӯлмасова, Муҳаббат Атаева, Мунира Қаюмова, Анора Раҳматова, Саидхоҷа Ёдгоров, Роҳат Азимова, Саноат Саидова, Саёҳат Саидова, Фотима Каримова, Салима Қудратова ба дидори фарзандонашон, ки аксар ихтиёран хизмати ҳарбиро пазируфтаанд, расида, изҳори хурсандӣ намуданд, ки Раиси шаҳри Хуҷанд барояшон чунин имконияти дидорбиниро муяссар гардонид.
Намояндаи Раёсати корҳои сиёсию тарбиявии Шуъбаи кор бо ҷавонон ва собиқадорони ВМҶТ подполковник Илҳом Саидов ба сарбозон иҷозат дод, ки муддати як шабонарӯз бо волидайн мулоқот дошта бошанд.
Бояд тазаккур дод, ки дар ҳамаи қисмҳои ҳарбие, ки волидайн бо фарзандон вохӯрданд, барномаҳои консертӣ бо иштироки ҳунармандон Фирдавс Холназаров, Далер Абдуқодировва ва Шариф Ниёзов доир гардид.
Ҳамзамон, гуруҳи ба аёдат сафарбаршуда аз шароити хӯрду хӯрок, ҷойи хоб, ҳаммому толорҳои варзишӣ, утоқҳои маишӣ ва пӯшоки сарбозон бохабар шуда, аз сулҳу суботи кишвар, аз тинҷию оромӣ шукр намуда, фарзандонро ба он далолат намуданд, ки сарбаландонаву ифтихормандона хизмати ҳарбиро адо намоянд ва сиҳату саломат ба манзили зисти хеш баргарданд.


Хабарнигори
«Тирози ҷаҳон»

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...