19 Июл 2017
Давоми бештар аз 30 сол буд, ки сокинони маҳаллаи «Чашмаи арзана»- шаҳри Хуҷанд мушкилоти дастрасӣ ба оби нушокиро доштанд. Бинобар дар ихтиёри КВД «Садаф» қарор доштани иншооти обрасонии маҳаллаи мазкур ва мавҷудияти қарзи хизматрасонии истифодаи барқ аз ҷониби корхонаи мазкур сокинони маҳалла дар як шабонарӯз ҳамагӣ ба мӯҳлати то 3 соат бо об таъмин буданду халос. Агарчанде давоми чанд соли охир барои ҳалли масъала масъулини соҳа, худи сокинон ва КВД «Садаф» кӯшиши зиёд намуданд, лек он бе натиҷа анҷом меёфт.
Баъди дастури Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода гурӯҳи корӣ таъсис дода шуд ва баъди баррасию таҳлил мушкилоти зиёд намудани соати бо об таъмин намудани сокинони маҳалла ҳалли мусбии худро ёфт. Аз оғози ҳафтаи равон сокинони ин маҳаллаи шаҳр 12 соат дар як шабонарӯз бо об таъмин гашта истодаанд.
Мувофиқи супориши Раиси шаҳри Хуҷанд маблағҳои иловагии истифодаи неруи барқи пойгоҳҳои обкашии КВД «Садаф», ки маҳаллаи «Чашмаи арзана»-ро бо оби нӯшокӣ таъмин менамояд минбаъд аз ҳисоби маблағи буҷаи маҳаллӣ пардохта мешавад.
Назар ба таҳлили мутахассисон маблағи мазкур моҳе то 7 ҳазор сомониро ташкил хоҳад дод. Дар маҳаллаи мазкур 22 кӯча буда бештар аз 550 оила зиндагӣ менамоянд.