08 Июл 2017
Дар муассисаи томактабии барои кӯдакони имконияташон маҳдуди № 26 бахшида ба рӯзи маъюбон аз ҷониби Ташкилоти Ҷамъиятии «Манбаи меҳр» чорабинии хайриявӣ баргузор гардид.
Дар оғози чорабинии мазкур муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Раъно Ҳошимзода, меҳрномаи Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзодаро ба ҳозирон расонд.
Тарбиятгирандагони ин муассисаи иҷтимоӣ бо кӯмаки мураббиёни худ барои иштирокдорон барномаи адабӣ-мусиқӣ пешкаш намудаанд, ки писанди ҳозирон гардид.
Ташкилоти Ҷамъиятии «Манбаи меҳр» давоми чанд сол аст, ки барои кӯдакону наврасони имконияташон маҳдуд, барномаҳои махсуси тавонбахшӣ, дастгирии равонӣ ва маърифатӣ барои волидайни онҳо амалӣ намуда, барои ҳимояи ҳуқуқи онҳо чорабиниҳои мухталиф доир менамояд.
Ҳоло бештар 130 нафар кӯдакону наврасони имконияташон маҳдуд зери ҳимояи ташкилот қарор дошта, синни онҳо аз 1 то 15 соларо ташкил медиҳад.