21 Июн 2017
Ҳамшаҳриёни азиз!
Фарорасии Иди саиди Фитрро ба ҳамаи Шумо, табрик гуфта, бароятон тани сиҳат, хонаи обод, саодати рӯзгор ва ба хонадони ҳар кадоми шумо баракати бешуморро орзу менамоям.
Иди саиди Фитр яке аз суннатҳои муҳимтарини маънавии мардуми мусулмони мо ва нишонаи эҳтирому гиромидошти ойини деринаи халқамон бар пояи мазҳаби ҳанафия ба шумор рафта, дар қатори дигар ҷашну маросимҳои милливу мардумӣ дар кишвари мо ба хушҳоливу шодии зиёд таҷлил мегардад.
Боиси ифтихор аст, ки ба шарофати истиқлолияти кишварамон, таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миллати мо дар озодии виҷдон, дину ақида, адои маросимҳои суннатию динӣ ба имконияҳои фаровон ноил гардид.
Дини мубини ислом ҳамчун дини поку беолоиш ва раҳнамои накӯкориҳо дар кишвари мо мақоми мустаҳкам дорад. Аз ин ҷост, ки Сарвари кишвар дар аксари мулоқотҳои худ бо мақсади гиромидошти арзишҳои миллӣ ва фарҳанги исломӣ, ҳифзи манфиатҳои милливу давлатӣ боз ҳам устувортар намудани вазъи мӯътадили сиёсиву иҷтимоӣ таъкид медоранд, ки имрӯз дар Тоҷикистон барои иҷро кардани талаботи ислом ҳамаи шароитҳо муҳайё аст.
Бузургтарин савоб дар рисолати ислом хайру саховат ва олиҳимматист. Бузургони мо беҳуда нагуфтаанд, савоби навозиши дилшикастагон аз фазилати ҳаҷҷи акбар зиёдтар аст. Чун анъана дар рӯзҳои моҳи табаррук дастгирии мӯҳтоҷону ниёзмандон дар шаҳр дар сатҳи баланд қарор дошта, таваҷҷӯҳу ғамхорӣ нисбати ятимону беморон ва бепарасторон бештар буд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ва ҳам соҳибкорони саховатпеша дар ин бобат хислатҳои наҷиби ҷавонмардӣ нишон доданд. Ҳамзамон дар доираи иҷрои дастуру супоришҳои Раиси вилоятамон, муҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ самти ободонии масҷиду оромгоҳҳо бо доир намудани шанбегиву ҳашарҳои умумишаҳрӣ вусъат дода шуда, садҳо ҳамдиёрони арҷмандамон дар радифи маъюбон, собиқадорони ҷангу меҳнат, кӯдакони ятиму бепарастор бо маводҳои хӯрокаву кӯмакҳои моддӣ мавриди аёдат қарор гирифтаанд.
Ин хайру саховат ва меҳрубонӣ ба ятимону дармондагон, ки дар рӯзҳои ид чашми умед сӯйи мо дӯхтаанд, қарзи инсонии ҳар фарди худоҷӯй ва инсондӯст аст, ки ин гуна дастгириҳо минбаъд низ идома хоҳад ёфт.
Моҳи Рамазон имсол дар рӯзҳое фаро расид, ки халқи шарифи диёри мо дар арафаи таҷлили 20-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ мебошад. Бо шарофати ин ид дар тамоми соҳаҳои ҳаётан муҳими кишвар дастоварду комёбиҳои меҳнатию истеҳсолӣ ба даст оварда шуд, ки мояи ифтихори ҳамагон аст.
Итминони комил дорам, ки мардуми шарифи Тоҷикистон дар арафаи ин иди саид суннатҳои волои инсондӯстиву сулҳпарварии аҷдоди некноми худро идома дода, барои ободиву тараққиёти Ватани азизамон ва оромиву осоиши ҳар як сокини мамлакат саъю талош менамоянд.
Бо ҳамин ниятҳои нек ҳамаи Шумоёнро бори дигар ба муносибати фаро расидани Иди саид ва мукаррами Фитр табрик мегӯям ва бароятон хушбахтӣ, сарбаландӣ, тандурустӣ, рӯзгори босаодат, ризқу рӯзии фаровон, имони комил ва хонаи обод орзу менамоям.
Иди саиди Фитр муборак, ҳамшаҳриёни азиз!