(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Ғолибони озмуни “Муаллими сол-2017” дар ДДХ муайян шудандДар толори калони раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров даври ниҳоии озмуни умумидонишгоҳии “Муаллими сол-2017”, ки ба ифтихори Соли ҷавонон баргузор гардид, натиҷагирӣ карда шуд.
Ровиёни чорабинӣ онро ифтитоҳ бахшида аз ҷумла зикр сохтанд, ки таи солҳои охир дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров анъанаи неки ташкили озмунҳо барои баланд бардоштани сатҳу сифати дарс ва беҳдошти раванди таълим роҳандозӣ гардидааст. Аз ҷумлаи онҳо озмуни «Дарси беҳтарин» - 2013, «Рушди сифати таҳсилот» -2014, “Дарсҳои намунавии докторони илм, профессорони донишгоҳ-2015”, “Дарсҳои намунавии собиқадорони меҳнат -2016”-ро номбар кардан мумкин аст, ки дар пешрафти раванди  таълим ва беҳдошти сифати он нақши назаррас гузоштааст. Соли 2017 бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Соли ҷавонон” эълон гардидааст. Ва бо дастгирии бевоситаи раёсати донишгоҳ шӯъбаи идоракунии сифати таҳсилот тасмим гирифт, ки дар донишгоҳ озмуни умумидонишгоҳии омӯзгорони ҷавони то 35-соларо ба ифтихори Соли ҷавонон таҳти унвони   «Муаллими сол -2017» ташкил намояд.
Зикр гардид, ки барои иштирок дар озмуни умумидонишгоҳии «Муаллими сол -2017» ба ифтихори Соли ҷавонон аз 14 факултетҳои донишгоҳ ба унвони шӯъбаи идоракунии сифати таҳсилот дархост ворид гардида, ғолибони озмуни сатҳи факултет барои иштирок дар озмуни сатҳи умумидонишгоҳӣ роҳхат гирифтанд. Озмуни мазкур дар се давр доир гардида, ба самтҳои мухталифи фаъолияти довталабон дар сатҳи сифати дарс, таълифи дастурҳои таълимӣ-методӣ, корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, раванди корҳои таълимӣ –роҳбарӣ ба кори курсӣ, рисолаи хатм,(кори мустақилона бо роҳбарии омӯзгор, кори мустақилонаи донишҷӯён, ширкати шогирдон дар олимпиадаҳои ҷумҳурӣ ва берун аз он,   пурсиши афкори донишҷӯён, лоиҳа доир ба ихтироъкорӣ ва навоварӣ дар раванди таълим арзёбӣ карда шуд.
Дар давраи аввали озмун дар сатҳи умумидонишгоҳӣ ҳайати хакамон бо кормандони шӯъбаи идоракунии сифати таҳсилот ба дарсҳои довталабон ширкат варзида,  маҳорату малакаи касбии омӯзгорони ҷавонро санҷида ба сифати дарсҳои онҳо баҳогузорӣ намуданд.
Ба давраи дуюми озмун 7 нафар довталабон роҳхат гирифта, санаи 24.05.2017 бо иштироки муовини ректор оид ба таълим, профессор Абдуфаттоҳ Раҳимов намоиши дастовардҳои таълимӣ-методӣ, илмӣ-тадқиқотӣ, маводи таълимӣ-методӣ аз назар гузаронида шуд. Ҳамчунин довталабони озмун ба муддати  10 дақиқа ба тариқи муаррифӣ оид ба фаъолияти таълимӣ - методии худ маълумотнома пешниҳод намуданд.
Иттилоъ дода шуд, ки довталабони зерин: Аниса Ёқубова, муаллимаи кафедраи методикаи таълими забон ва адабиёти руси факултети филологияи  рус, Дилбар Қаюмова, сармуаллимаи кафедраи  журналистика ва назарияи тарҷумаи факултети филологияи тоҷик, Нодира Қӯзиева, сармуаллимаи  кафедраи грамматикаи забони арабии факултети забонҳои шарқ, Мадина  Сиддиқова, муаллимаи кафедраи назария ва амалияи забони англисии факултети забонҳои хориҷӣ, Гулнора Узоқова, дотсенти кафедраи  назарияи  иқтисодии факултети  молия ва иқтисодиёти бозор, Акмал Усмонов, сармуаллими кафедраи электроникаи факултети физикаю техника, Гулсара Ҷӯлиева, дотсенти кафедраи экология ва ҳифзи табиати факултети геоэкология ба даври ниҳоӣ роҳ ёфтанд.
Сипас, ҳайати ҳакамони озмуни умумидонишгоҳии «Муаллими сол-2017» таҳти роҳбарии Абдулфаттоҳ  Раҳимов, профессор, муовини ректор оид ба таълим, Абдуҳаким Шарипов, дотсенти кафедраи педагогикаи умумӣ, Зикриё Раҳмонов, дотсенти кафедраи педагогикаи касбӣ ва иҷтимоӣ, Абдурасул Бобоев, мудири кафедраи педагогикаи умумӣ, дотсент, Саидқаҳҳор Ёқубов, дотсент мудири шӯъбаи идоракунии сифати таҳсилот ба кори худ шурӯъ намуданд.
Баъд ҳар як довталаби озмун фаъолияти таълимӣ-методии хешро дар назди ҳайати хакамон ва иштирокдорони чорабинӣ муаррифӣ намуданд. Довталабони озмун бо ҳар шакл фаъолияти хешро ба тамошобинон пешниҳод намуданд.
Дар натиҷаи таҳлил ва баҳогузории ҳакамони озмун ғолибон муайян шуданд. Профессор Абдулфаттоҳ Раҳимов раиси доварони озмун гуфт, ки ғолибон аз рӯйи ду равия муайян шуданд. Ва ҳамин тавр аз рӯйи равияи илмҳои ҷомеашиносӣ ҷойи аввал насиби ду нафар:  Аниса Ёқубова, муаллимаи кафедраи методикаи таълими забон ва адабиёти руси факултети филологияи  рус ва Дилбар Қаюмова, сармуаллимаи кафедраи  журналистика ва назарияи тарҷумаи факултети филологияи тоҷик, ҷойи сеюм насиби Мадина  Сиддиқова, муаллимаи кафедраи назария ва амалияи забони англисии факултети забонҳои хориҷӣ ва Нодира Қӯзиева, сармуаллимаи  кафедраи грамматикаи забони арабии факултети забонҳои шарқ гардид. Аз рӯйи риштаи илмҳои дақиқ мақоми аввалро Гулнора Узоқова, дотсенти кафедраи  назарияи  иқтисодии факултети  молия ва иқтисодиёти бозор, ҷойи дуюмро Акмал Усмонов, сармуаллими кафедраи электроникаи факултети физикаю техника ва мақоми сеюмро Гулсара Ҷӯлиева, дотсенти кафедраи экология ва ҳифзи табиати факултети геоэкология ишғол намуданд.
Аз ҷониби ректори донишгоҳ профессор Ҷамшед Ҷӯразода ба ғолибон диплом, маблағҳои пулӣ мутаносибан аз 1500 то 2, 500 сомонӣ ва тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.
Ҳамзамон ба ширкаткунандагони даври озмуни “Муаллими сол-2017”: Шерзод Азизов, муаллими кафедраи нақшакашӣ, геометрияи тасвирӣ ва методикаи таълим, Маъруф Норбобоев, муаллими кафедраи умумидонишгоҳии информатика, Умеда Умеда Охунова, сармуаллимаи кафедраи  химияи умумӣ ва методикаи таълими он, Саодат Раҷабова, мудири кафедраи методикаи таълими математика ва технологияи иттилоотӣ, Мурод Ҷӯраев, муаллими кафедраи археология ва этнографияи тоҷик, Ҷамшед Шарипов, муаллими кафедраи барномарезӣ барои иштироки фаъолашон ифтихорномаҳои раёсати донишгоҳ тақдим карда шуд.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...