01 Июн 2017
Кормандони соҳаи савдо, муассисаҳои хизмати маишӣ, хоҷагии манзилию коммуналиро аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бо фарорасии иди касбиашон сидқан муборакбод менамоям.
Ободонӣ ва сарсабзу хуррам гардонидани диёрамон, таъмини беҳбуди рӯзгори мардум ва болида сохтани рӯҳияи онҳо ба сатҳу сифати хизматрасонии кормандони соҳаи манзилию коммуналӣ вобастагии калон дорад. Самтҳои фаъолияти соҳаи манзилию коммуналӣ асосан барои ободонию сабзкорӣ, бунёдкорию созандагӣ, чарощонкунию гулкорӣ, таъмини тозагию озодагии ҳудуди шаҳр, нигоҳдории бехалали фонди манзил, аз ҷумла, таъмири биноҳои истиқоматӣ ва роҳҳои автомобилгарду пиёдагард нигаронида шудааст. Маҳз ба шарофати хизматҳои назарраси кормандони соҳа шаҳри азизамон рӯз аз рӯз ободу зебо мешавад.
Боиси тазаккур аст, ки имрӯзҳо дар радифи таъмиру азнавсозӣ ва мумфаршкунии роҳҳо, гулзоркунии кӯчаву хиёбонҳо, гулгашт ва шафати роҳҳои назди бино ва ташкилотҳо давом дорад, ки дар он саҳми кормандони соҳаи манзилию коммуналӣ басо калон аст.
Кормандони соҳаи савдо бошанд, ҳамарӯза дар хизмати халқ қарор дошта, барҳақ муҳимбарори мардуманд. Фаровонии маҳсулоти бозор, таъминоти мардум бо маводи рӯзгор, хӯрокворию пӯшока ва хизматрасонию маишӣ чун вазифаи муҳим бар зиммаи кормандони соҳаи савдо ва хизмати маишӣ вогузор аст.
Дар ин радиф маданияти хизматрасонӣ торафт баланд мешавад, ки он пеш аз ҳама ба азму иродаи соҳибкорон ва ҳиммати онҳо алоқаманд мебошад.
Дар ин рӯзи нек ба ҳар яки Шумо кулли алоқамандони соҳаҳои савдою хизматрасонии маишӣ ва хоҷагии манзилию коммуналии шаҳр саломатию сарбаландиҳо хоҳонам. Бигзор рӯзгори хурраму босаодат насибатон гардад!