26 Май 2017
Мувофиқи нақша чорабинии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд имрӯз Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода дар Кохи Рӯдакӣ бо ҷавонони шаҳри Хуҷанд, ки дар муассисаҳои таълимии олӣ ва касбии вилояти Суғд таҳсил менамоянд, мулоқот намуд.
Вохӯриро намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Мирзотоҳир Набиев ифтитоҳ намуда, доири ҳадафи баргузории чорабинӣ маълумот дод.
Баъдан дар назди ҳозирон Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода баромад намуда, таъкид намуд, ки саҳми ҷавонон дар пешрафти ҷомеа назаррас буда, дастгирии ҳамаҷонибаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон нисбати таълиму пешрафти ҷавонони даврони истиқлолият шоёни ифтихор аст.
Лозим ба ёдоварист, ки дар вилояти Суғд 7 муассисаи таълимии олӣ ва 21 таълимгоҳи махсуси касбӣ амал мекунад. Дар ин таълимгоҳҳо бештар 7 ҳазор ҷавонони маркази вилоят барои гирифтани ихтисосҳои мухталиф таҳсил менамоянд.
Донишҷӯён дар ин мулоқот ҷиҳати бештар фаро гирифтани хоҳишмандон ба машқҳои варзишӣ, баррасии имтиёзҳои махсус барои донишҷӯён дар нақлиёти ҷамъиятӣ ва шомил гаштани ҷавонони фаъол ба гурӯҳҳои тарғиботӣ изҳори назар намуданд.
Дар интиҳо аз ҷониби Раиси шаҳри Хуҷанд ба 32 нафар донишҷӯёни фаъол барои таҳсилоти муваффақона кӯмаки яквақтаи пулӣ супорида шуд.